МУВАФФАҚИЯТМуаллифи филмномаи "Метро 2067" кист?

Муаллифи филмномаи «Метро 2067» кист?

-

Ҳабиб Баҳриддинов натанҳо стендаперӣ, ҳамчунин филмноманависӣ низ мекунад, ки филми ҳаҷвии «Метро 2067» яке аз онҳост.

То кунун 7 қисми филми ҳаҷвии «Метро 2067»-и ӯ пешниҳоди мардум гардида, ҳоло барои як филми ҳаҷвии дигар сенария менависад ва банаворгирии филм соли 2022 дар шаҳри Душанбе оғоз мешавад.

Ҳабиб Баҳриддинови 27-сола аз ҷавонтарин ҳаҷвнигорони тоҷик аст, ки ба жанри мураккаби стендап рӯй овардааст. Намоиши нахусти худро ӯ зери унвони «Битон гап мӯл» соли 2019 пешниҳоди ҳаводорон намудааст. Ҳабиб Донишгоҳи техникиро бо ихтисоси муҳандис — барномасоз хатм кардааст.

Чанд муддат муаллими фанҳои дақиқ буд, ҳоло дар Оҷонсии «Пурнур», ба сифати директори тиҷоратӣ ва коргардон кор мекунад.

Ҳабиб Баҳриддинов, инчунин аъзои лоиҳаи ҳаҷвии «ТЮ» низ ҳаст.

“Навиштани сенария дар жанри стендап кори осон нест. Тасавур кунед, ки ҳар дар як дақиқа, ҳар 15-20 сония бо суханҳои ҳаҷвӣ бояд мардумро хушҳол кунед. 80-85 фоизи сенарияҳои ҳаҷвӣ барои монологҳоро худам менависам, ки аксарияташон писанди мардум мегардад.”, — мегӯяд Ҳабиб Баҳриддинов.

Вале дар қадами аввали фаъолият ҳаҷви ӯ ба мардум он қадар писанд набуд. Ҳунарнамоияш дар намоишномаи «Toqi» маҳбубияти ӯро афзун кард.

Мавзӯҳоии стендапи Ҳабиб мушкилоти доғи рӯзанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ мардум стендапҳои ӯро хуб қабул мекунанд.

Ҳабиб Баҳриддинов талош дорад, ки минбаъд дар монологҳои худ аз гӯишҳои маҳаллӣ истифода накунад то нутқаш ба ҳама фаҳмо бошад.

М. Маҳкамзода

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад