МУВАФФАҚИЯТБарои Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон ду пули дигар сохта мешавад

Барои Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон ду пули дигар сохта мешавад

-

Намои ду пуле, ки сохта мешавад. Аксҳо аз сомонаи president.tj

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, Раиси шаҳри Душанбе бо корҳои сохтмон дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Иншоот дар майдони 9,5 гектар бунёд ёфта, дар он зиёда аз 30 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Бунёди калонтарин иншооти варзишии Тоҷикистон дар идомаи тадбирҳо ба фароҳамсозии инфронсохтори кору хизматрасонии сатҳи баланд дар пойтахти кишвар мусоидат мекунад.

Дар варзишгоҳ 45 ҳуҷраи корию маҷлисгоҳ, 36 тамошоҷои сатҳи баланд барои мухлисон (VIP), 9 нуқтаи тиббӣ, 36 ошхона ва осорхонаи футболи тоҷик мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешавад.

72 дастгоҳи сабткунандаи телевизионӣ насб мегардад, ки барои сабти ҷараёни мусобиқаҳо пешбинӣ шудааст. Равшанӣ дар майдон ва ҷойҳои нишаст тавассути 312 чароғи махсус таъмин мегардад.

Ҳамзамон аз болои дарёи Варзоб ва Лучоб барои рафту омади ҳаводорони футбол ду пул мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ сохта шуда, ин макон ба шаҳраки муосири варзишӣ табдил дода мешавад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад