ҲАЁТИ СОЛИМБарои дарёфти кумакпулӣ набояд пора дод!

Барои дарёфти кумакпулӣ набояд пора дод!

-

Мақсад аз пешниҳоди кумаҳои унвонии иҷтимоӣ дигар кардани вазъи душвори зиндагӣ ва дастгирии оилаҳои камбизоат мебошад.
Бинобар ин, барои дарёфти ин кумакҳо набояд ба касе маблағе дод ва ё ваъдаи пешниҳоди инъом кард.
Шаффофият дар кори ниҳодҳое, ки барои расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ масъул ҳастанд, боиси паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар хоҳат гашт.
Тибқи “Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ”, ки 30 августи соли 2024 тасдиқ шудааст, ба шаҳрвандоне, ки барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ муроҷиат мекунанд, аз ҷониби шахсони масъул ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла, бланкҳои “Ариза дар бораи таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ”, “Маълумотнома дар бораи ҳайати оила” ва “Маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила” ба таври ройгон дода мешаванд.
Ҳангоми пешниҳоди муроҷиати электронӣ низ шахсони масъул кумаки ройгон бояд расонанд.
Аз 1 январи соли 2025 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомонӣ муқаррар гардид.
Имсол андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шахси камбизоат барои як сол ба андозаи 11 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дода мешавад. Иловатан 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як кӯдаки то 16-сола дода мешавад. Агар ин кӯдакон дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ё мактаб-интернат набошанд.
Барои як оилаи камбизоат, ки дар ҳайати худ ду ва зиёда шахси маъюб дорад, боз 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дода мешавад. Инчунин 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои пиронсолони аз 80-сола болои аъзои оилаи камбизоат, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, дода мешавад.

Маълумоти бештар дар эксплейнер:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад