НАВИДХушбахттаринҳо дар сайёра кистанд?

Хушбахттаринҳо дар сайёра кистанд?

-

Шветсия дар раддабандии кишварҳое, ки аҳолиаш хушхбахтанд, мавқеи пешсаф дорад. Зеро, аз кӯдакӣ шведҳо махсус тарбия меёбанд. Ҳадафи асосии тарбия озодии шахсӣ аст.

Скандинавиён аз дигар миллатҳои Аврупо хеле фарқ мекунанд. Гап дар сари он нест, ки он ҷо сатҳи некуаҳволӣ болост ва риояи қонун шоёни таҳсин аст. Шведҳо дар бораи зиндагӣ мафҳуми дигар доранд. Онҳо рӯйхати пурраи принсипҳое доранд, ки самтро мушаххас мекунад. Ҳамаи ин ҳатто номи махсус дорад — «ЛАГОМ». «Лагом» як навъ фалсафаи мувозинат аст.

Акс аз сомонаи kulturologia.ru

Шведҳо тарзи ҳаёти хеле мӯътадил доранд ва ин аслан дар ҳама чиз зоҳир мешавад. 

  1. Сифат дар ҳама чиз. Дар назари аввал чунин ба назар мерасад, ки лагом сарфакориро дар назар дорад. Аммо дар асл, маънои истеъмоли оқилона аст. Дар мисоли либос онро ба осонӣ метавон шарҳ дод: ба ҷойи ашё ё либоси пастсифат беҳтар аст, ки як ашёи гаронбаҳои босифат харед. 
  2. Бидуни шаҳомат ва худнамоӣ. Лагом соати гаронбаҳо, мошини навтарин ва либосҳои мудбуда нест. Ҳатто агар шахс сарватманд бошад, ин маънои онро надорад, ки дороиашро нишон диҳад. Шведҳо бешубҳа чизеро  барои худнамоӣ бо қарз намехаранд.
  3. Таваҷҷуҳ ба табиат. Аз кӯдакӣ ба шведҳо эҳтироми сайёра ва сарватҳои он таълим дода мешавад. Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки онҳо сайру гашт дар табиатро аз рафтан клубу тарабхонаҳо авлотар медонанд.
  4. Шведҳо аз рӯи қоидаи истифодаи дубора, коркарди дубора зиндагӣ мекунанд. Масалан, онҳо либосҳоро ба созмонҳои хайрия ё коркарди дубора медиҳанд.

Манбаъ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роскомнадзор: YouTube дархости моро сарфи назар кард

Шабакаи YouTube сарфи назар аз талаботи Роскомнадзор, беш аз 60 ҳазор маводро, ки ин ниҳод ғайриқонунӣ медонад, ҳазф накарааст....

CAFA-2024: Эрон медали тиллоро соҳиб шуд

Championship CAFA 2024 байни дастаҳои занонаи то 18-сола ба поён расид. Дувумин мусобиқаи имсола таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи...

Vivo X100s-ро тавонотарин смартфон меҳисобед?

Vivo X100s тавонотарин телефон дар назарсанҷиҳои чанд ширкат дониста шудааст. Маҳсулоти нав бо эҳтимоли зиёд нимаи аввали соли 2024...

Истеҳсоли Nokia 220 4G

Ширкати HDM дар Чин телефони нави тугмадори Nokia 220 4G 2024-ро муаррифӣ кард, ки USB Type-C дорад.  Nokia 220 4G...
spot_imgspot_img

Соҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия мешавад, ки ҳадаф аз қабули он дастгирӣ ва рушди соҳибкории...

Бори аввал. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад