МУВАФФАҚИЯТКор дар Кореяи Ҷанубӣ. Кӣ муҳоҷиронро ба ин кишвар...

Кор дар Кореяи Ҷанубӣ. Кӣ муҳоҷиронро ба ин кишвар мебарад?

-

Бо татбиқи барномаи давлатии Employment Permit System, Тоҷикистон расман ба 17-умин кишвари аъзои ин системаи байналмилалии ҷалби қувваи корӣ табдил ёфт ва дар муддати камтар аз як сол тавонист муҳоҷирони меҳнатии худро ба Кореяи Ҷанубӣ сафарбар намояд.

Барномаи EPS — як низоми давлатии қонунии Кореяи Ҷанубӣ барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ мебошад, ки тавассути созмони ҳукуматии Хадамоти рушди захираҳои инсонӣ амалӣ мешавад. Тоҷикистон 31 октябри соли 2024 бо Вазорати шуғл ва меҳнати Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонда, ҳамкориро расман оғоз кард.

Бар асоси ин созишнома, дар бинои Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа — муассисаи давлатӣ дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Маркази EPS Center-и Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон таъсис ёфт. Марказ имтиҳонҳои «EPS Topik» — донистани забони кореягӣ ва санҷиши маҳорат —ро баргузор мекунад.

Дар соли 2025 ду марҳилаи имтиҳон баргузор гардид:

  • 27 майи 2025 — дар самти кафшергарӣ, ки аз 35 иштирокчӣ 26 нафар бо муваффақият гузаштанд;

  • 2–3 августи 2025 — дар самти истеҳсолот, ки аз 228 иштирокчӣ 40 нафар бомуваффақият имтиҳон доданд.

Дар маҷмӯъ 58 шаҳрванди тоҷик ба низоми электронии корҷӯёни Корея — SPAS Portal ворид карда шуданд ва то имрӯз се нафари аввал аз ҷониби корфармоёни кореягӣ интихоб шуда, сафарбар гардиданд. Ҳамаи хизматрасониҳо аз ҷониби Агентӣ пурра ройгон ва бе миёнаравҳо анҷом дода мешаванд. Ин иқдом қадами муҳими Тоҷикистон дар самти диверсификатсияи муҳоҷират ва таъмини ҷойҳои кори қонунӣ ва устувор барои шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад