МУВАФФАҚИЯТА. Маҳмудов: нони танӯри гилин болаззаттар аст!

А. Маҳмудов: нони танӯри гилин болаззаттар аст!

-

Кулолгарӣ яке аз касбҳои суннатӣ маҳсуб мешавад ва то ба имрӯз ашёи гилин дар рӯзгор серистифода аст. Яке аз ин гуна ашёҳо танӯри гилин буда, аммо ҳоло танӯрсозон дар кишвар ба шумор монда, ҷойи танӯрҳои гилинро танӯрҳои сементӣ танг карда истодаанд.

Ба тавсифи Абдураҳмон Маҳмудов, сокини ҷамоати Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, ки 40 сол боз танӯри гилин месозад, “назар ба нонҳои тафдонӣ ё нони дар танӯрҳои сементӣ пӯхташуда, нон дар танӯри гилин болаззаттар аст.”

Ҳама гуна маҳсулоте, ки барои омода кардани танӯри гилин истифода мешавад, табиӣ аст. Асосан барои ин гуна танӯр обу гил, коҳ ва пашм лозим мешавад.

Абдураҳмон Маҳмудов  аз як сафари худ ба шаҳри Тошкент нақл мекунад, ки  соли 1977 дар яке аз кӯчаҳои марказии ин шаҳр ҳунармандонро машғули танӯрсозӣ дида, дарҳол ба сӯи онҳо шитофт.  Мизбонон, ки ӯро роҳбаладӣ мекарданд, аз шитобаш ба сӯйи танӯрсозон шигифтзада шуда, аз мақсадаш пурсон шуданд. Вай дар ҷавоб гуфтааст, ки бо ҳунармандон суҳбат мекунаду зуд бармегардад. Вақте ба назди ҳунармандон мерасад, устокалони танӯрсозон аз ҷояш бархоста, бо муҳаббат ҷониби Абдураҳмон нигоҳ карда, ӯро хушомадед мегӯяду аз мақсадаш мепурсад:

“Бобои усто, ҳамин кори шуморо дида дар дилам завқ пайдо шуд, мумкин аст кори шуморо  тамошо кунам?”,-савол кардам. Ӯ низ бо ҷону дил қабул кард.”,-ёдовар шуд аз он рӯз Абдураҳмон Маҳмудов.

Фардои он рӯз Абдураҳмон бояд ба Тоҷикистон бармегашт. Бинобар набудани вақти зиёд усто назриявӣ ба чи гуна омода кардани танурро меомӯзонад. Абдураҳмон баъди бозгашт ба Тоҷикистон маҳсулотро гирдоварӣ намуда, ибтидо 3 танӯр меозад, ки якумӣ- каҷ, дуввумӣ-хуб ва сеюмӣ- кузашакл ҳосил мешаванд:

“Тасодуфан тағоям ба хонаи мо омада танурҳоро дид. Ман зуд ба ӯ гуфтам, ки танӯри каҷро мешиканам. Аммо ба ман хитоб кард, ки ин танӯрро намешиканӣ, ман онро бурда, нон мепазам. Тағоям он танурро 4-5 сол истифода кард. Аз ҳамон вақт инҷониб ба танӯрсозӣ машғулам.”,-мегӯяд қаҳрамони мо.

Абдураҳмон  як замоне дар фурудгоҳ ба сифати барқчӣ кор кардааст. Ҳоло ба таъмири акумлиятор низ машғул асту муштариёни зиёде дорад. Аммо  танӯрсозиро тарк намекунад.

Салоҳиддини Айнидин

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад