Мутобиқи моддаи 349-и Кодекси андоз андозсупорандагони андози замин инҳоянд:
— Заминистифодабарандагон, ки ба онҳо қитъаҳои замин барои истифодаи бемуҳлат, муҳлатнок ва меросии якумра дода шудаанд;
— заминистифодабарандагоне, ки воқеан қитъаҳои заминро истифода мебаранд
— Дар сурати ба иҷора додани қтъаи замин супорандаи андози замин иҷорадеҳ супорандаи андози замин мебошад.
Шаҳрвандон заминро ҳамчун қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ (заминҳои президентӣ) истифода мебаранд.
Соҳибкорони инфиродӣ заминро бо мақсади соҳибкорӣ истифода мебаранд.
Маблағи андози замин бо назардошти ҷойгиршавии қитъаи замин, минтақаи кадастрии замин, таъиноти истифодабарӣ ва хусусиятҳои экологии қитъаи замин муайян карда шуда, новобаста ба натиҷаи фаъолияти хоҷагидории заминистифодабаранда, барои воҳиди масоҳати замин дар шакли пардохтҳои устувор барои як сол муқаррар карда мешавад.
Меъёрҳои андоз барои як гектари замин дар миқёси вилоятҳо ва шаҳрҳо (ноҳияҳо) бо назардошти минтақаҳои кадастрӣ ва намудҳои замин, аз ҷумла заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, заминҳои зери ҷангалзор ва буттазорҳои маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои таъиноти кишоварзӣ ҳамасола мутобиқи сатҳи таварруми соли гузашта индексатсия мешавад. Заминҳое, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ дар маҳалҳои аҳолинишин (шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо) истифода карда мешаванд, бо тартиби зерин андозбандӣ мегарданд:
а) шаҳрвандон (шахсони воқеӣ) барои қитъаҳои замин, аз ҷумла заминҳои зери биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ истифодашаванда ва биноҳои ёрирасони онҳо:
— то 0,12 гектар дар заминҳои обӣ ва то 0,15 гектар дар заминҳои обёринашаванда (лалмӣ) – тибқи меъёри яккаратаи муқарраргардида;
— аз 0,12 гектар то 0,20 гектар дар заминҳои обӣ ва аз 0,15 то 0,25 гектар дар заминҳои обёринашаванда (лалмӣ) – бо меъёри дукаратаи муқарраргардида;
— зиёда аз 0,20 гектар дар заминҳои обӣ ва дар заминҳои обёринашаванда (лалмӣ) зиёда аз 0,25 гектар – бо меъёри секаратаи муқарраргардида.
б) шаҳрвандон (соҳибкорони инфиродӣ) барои заминҳои бо мақсади амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда бо меъёри панҷкаратаи муқарраргардида.
Масалан, дар соли 2024 барои як гектар замин дар шаҳри Душанбе меъёри андоз 1288 сомонию 61 дирам муқаррар шудааст, бо ин меъёр вобаста ба масоҳати қитъаҳои наздиҳавлигӣ андози заминро барои як сол муайян мекунем:
-агар қитъаи замини обӣ 0,10 га бошад, яъне то 0,12 га бошад, бо меъёри яккарата ҳисоб мешавад. Барои мисол: 0,10 * 1288,61 = 128,61 сомонӣ;
-агар қитъаи замини обӣ 0,15 га бошад, яъне аз 0,12 то 0,20 га бошад, бо меъёри дукарата ҳисоб мешавад. Барои мисол: 0,15 * 1288,61 = 193,29 *2 =386,58 сомонӣ;
-агар қитъаи замини обӣ 0,28 га, яъне аз 0,20 га зиёд бошад, бо меъёри секарата 0,28 * 1288,61 = 360,81 * 3 = 1082,43 сомонӣ;
-агар қитъаи наздиҳавлигӣ нею бо мақсади соҳибкорӣ истифода шавад бо меъёри панҷкарата ҳисоб карда мешавад. Мисол: замини бо мақсади соҳибкорӣ истифодашаванда 0,50 га аст. Масоҳати 0,50 * 1288,61 = 644,30 сомонӣ * 5 = 3221,50 сомонӣ андози яксолаи ин қитъаи замин маблағи 3221,50 сомониро ташкил медиҳад.
Аз пардохти андози замин инҳо озоданд:
— як қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва қитъаи замине, ки барои сохтмони манзил ба Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, дорандагони ордени «Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ордени «Зарринтоҷ», ордени «Исмоили Сомонӣ», иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётҳои ҳарбӣ оид ба муҳофизати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, аз ҷумла ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни рафъи оқибатҳои фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил, маъюбони гурӯҳҳои I ва II дода шудааст ё ин ки онҳо ба қайд гирифта шудаанд;
— қитъаҳои замини наздиҳавлигие, ки ба муҳоҷирони ихтиёрӣ ва экологӣ барои зисти доимӣ аз як ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ноҳияҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудаанд, ба муҳлати 3 сол баъд аз ҷудо намудани чунин заминҳо;
— қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил ба муаллимони дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва духтурони дар муассисаҳои тиббии деҳот коркунанда ҷудо карда шудаанд, дар давраи кори онҳо дар чунин муассисаҳо;
Ҳисоб намудани андоз аз андози замин бо роҳи зарб намудани манбаи андоз ба меъёрҳои дахлдори андоз оид ба ҳар объекти андозбандӣ дар алоҳидагӣ анҷом дода мешавад.
Андози замин аз моҳи минбаъдаи моҳе, ки дар он андозсупоранда ҳуқуқи истифодаи (ё ихтиёрдории) объекти андозбандиро гирифтааст, ҳисоб карда мешавад.
Ҳисобкунии маблағҳои андози замини шахсони воқеӣ, ки онро дар фаъолияти соҳибкории худ истифода намебаранд, аз ҷониби мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии қитъаҳои замин дар асоси маълумоти мақомоти ваколатдори соҳавӣ то 1-уми феврали соли ҳисоботӣ тавассути низоми барномаҳои иттилоотии мақомоти андоз анҷом дода шуда, огоҳинома дар ин хусус ба ҳуҷраи шахсии андозсупоранда дар шакли электронӣ ирсол мегардад.
Агар бо ягон сабаб огоҳинома оид ба маблағҳои андози замин ба андозсупоранда нарасида бошад, чунин шахс уҳдадор аст ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии молу мулк муроҷиат намуда, ҳисобҳои андозҳоро гирад ва мустақилона маблағҳои андозҳоро дар муҳлатҳои муайяннамудаи Кодекси андоз пардохт намояд.
Андозсупорандагон уҳдадоранд маълумоти заруриро оид ба объектҳои нави андозбандии марбут ба қитъаҳои замини аз нав ҷудокардашуда (ба даст овардашуда, гирифташуда, сохташуда, тағйирот дар соҳибмулкӣ) дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи ҷудокунӣ (ба даст овардан, гирифтан, сохташуда, тағйирот дар соҳибмулкӣ) ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд.
Маблағи андози замин барои соли ҳисоботӣ аз ҷониби андозсупорандагон на дертар аз рӯзи 15-уми моҳи дуюми ҳар семоҳа ба андозаи аз чор як ҳиссаи маблағи солонаи андоз пардохт карда мешавад.
Масалан, дар мисоли мо андози яксолаи замин 128,61 сомонӣ буд, пас андозсупоранда ё шаҳрвандро зарур аст, ки ҳамин маблағро то 15 моҳи дуюми семоҳа, яъне феврал, май, август ва ноябр бо андозаи аз чор як ҳисса (128,61 / 4) 32,15 сомонӣ пардохт кунад.
Андозсупоранда метавонад маблағи андози заминро пеш аз муҳлат пурра пардохт намояд. Ҳангоми дар муҳлатҳои муқарраргардида аз ҷониби андозсупоранда пардохт нагардидани андози замин аз ҷониби мақомоти андоз барои батаъхиргузории муҳлати пардохт барои ҳар яу рўзи батаъхиргузорӣ ба андозаи 0,04 фоизҳо ҳисоб карда мешаванд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
+1
+1
+1
+1
+1
+1