ҲАЁТИ СОЛИММаъюбӣ Умар Гадоевро мағлуб карда натавонист

Маъюбӣ Умар Гадоевро мағлуб карда натавонист

-

Умар Гадоев дар муҳоҷират ҷароҳат бардошта, дигар натавонистааст корро дар Русия идома диҳад. Ӯ ҳоло маъюби гурӯҳи якум буда, дигар мустақилона наметавонад роҳ гардад. Ӯ бо ёрии асобағал ё аробаи электрикии маъюбӣ роҳ меравад.

Ӯ аз соли 2009 инҷониб дӯзандагӣ мекунад. Ҳоло худро нафари нолозим дар ҷамъият намеҳисобид ва ҳунари дӯзандагиро ба дигарон низ меомӯзонад.

 Дар кунҷи хонааш барои худ ва ҳамдеҳагонаш сехи дӯзандагӣ боз карда, рӯзгорашро аз ин ҳисоб таъмин мекунаду ба дигарон низ касб меомӯзад.

Умар ду духтар дорад. Талош дорад, ки барои онҳо шароити хуберо фароҳам намуда, духтаронашро соҳибмаълумот гардонад.

У. Гадоев то имрӯз беш аз 200 шогирд омода кардааст. Ягона орзуяш ин аст, ки сехи дӯзандагиашро бузург  намояд. Аммо барои амалисозии орзруяш маблағи ҳангуфте лозим  мешавад ва умедвор аст, ки рӯзе соҳибкоре сӯяш дасти ёрӣ дароз мекунад то орзуи худу шогирдонашро бароварда созад.

Ҳамчунин нақша дорад, ки дар деҳааш давраҳои омӯзишии пазандагиро роҳандозӣ кунад то ҳамдеҳагонаш дар зиндагӣ азият накашанд.

Набиҷони Саидаброр

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад