МУВАФФАҚИЯТБеҳзод Собиров: мардум зардевориро ба тасвирҳои воқеӣ иваз мекунанд!

Беҳзод Собиров: мардум зардевориро ба тасвирҳои воқеӣ иваз мекунанд!

-

Беҳзод Собиров рассоми хушзавқест, ки рӯзҳои шанбеву якшанбе дар “Аrt Doshan” ба наврасон рассомиро ёд медиҳад. Дар бахши “Арт терапия” ба нафарони аз 5 то 60-сола “мастер-класс” мегузаронад.

Ӯ мегӯяд, ҳарчанд аз хӯрдӣ ба рассомӣ шавқу зақв дошт, вале ин пешаро шуғл намедонист ва бисёр мехост табиб шавад:

“Агарчи пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба Коллеҷи санъати ба номи Мирзораҳмат Олимов супоридам, лекин мехостам табиб бошам. Бинобар ин, баъди хатми коллеҷ  як сол дар маркази омӯзишӣ барои дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббӣ омодагӣ дидам. Мутаассифона, бахтам омад накарду донишҷӯи риштаи тиббӣ шуда натавонистам. Сипас, бо дипломи коллеҷ ба риштаи тарроҳии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шудам. Донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардам, вале дар ин муддат аллакай дар соҳаи рассомӣ корҳои зиёд карда будаму ҳам аз баҳри табибӣ ва дипломи иқтисодчӣ гузаштам ва ба рассомӣ ҷиддӣ машғул шудам.”

Ба нақли қаҳрамони мо, соли 2012 вақте ӯ дар курси дуюми коллеҷ таҳсил мекард, ба мушкили иҷтисодӣ дучор гардида, аввалин фармоиши худро аз ронандаи микроавтобуси мусофиркаш қабул кард. Беҳзод мегӯяд, аввалин фармоишаш тасвири Бобои барфӣ дар тирезаи мошин буд.

Ҳамин тавр, дар аввал ба тасвири портретҳо машғул шуд ва аз соли 2014 инҷониб дар деворҳо расм мекашад.

Ҳамасола расмкашӣ дар девор муд мешавад. То чанд соли пеш тасовирро дар девори боғчаи кӯдакон медидем. Ҳоло дар кошонаҳои ҳусн, ошхона, қаҳвахона, хонаҳои муд, студия, марказҳои омӯзишӣ ва ҳатто дар хонаҳои мардум мебинем:

“Ҳоло таваҷҷуҳ ба рассомон хеле зиёд шудааст. Фармоишҳо ҳам афзӯдаанд. Мардум ба ҷойи зардевор дар деворҳои хонаҳояшон тасовир дархост мекунанд.”

Рассоми ҷавон ҳоло дар студияи “Аrt Doshan” фаъолият  мекунад. Соли панҷум аст, ки дар инҷо омӯхгорӣ намуда, ба бачаҳо рассомиро меомӯзонад.

Ҳамчунин дар “Аrt Doshan” “Арт терапия” фаъол буда, таҳти мусиқии ороми рӯнавоз ба афроди зиёди миёнасолу бузургсол рассомиро ёд дода, ба онҳо оромиш мебахшад.

Беҳзод зиндагиашро бо рассомӣ сомон медиҳад ва манбаи даромадаш низ аз ҳамин кораш аст. Ӯ мутақоид аст, ки бо рассомӣ низ мешавад, ки шоиста зиндагӣ кард.

 

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад