МУВАФФАҚИЯТДар Русия нишонагузории ҳатмии дипфейкҳо ҷорӣ мешавад

Дар Русия нишонагузории ҳатмии дипфейкҳо ҷорӣ мешавад

-

Нашрияи «Известия» хабар медиҳад, ки Вазорати рушди рақамии Русия эҳтимоли ҷорӣ кардани нишонагузории ҳатмии дипфейкҳо-ро дар ҳудуди кишвар баррасӣ мекунад.

Айни ҳол, вазорат таърифи ҳуқуқии мафҳумҳо ба монанди «дипфейк», «зеҳни сунъӣ» ва «муҳтавои синтетикӣ»-ро таҳия намуда истодааст. Мақсад аз ин кор таҳияи заминаи ҳуқуқӣ барои муайянсозии қонуншиканиҳое мебошад, ки бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) анҷом дода мешаванд.

Вазорати рушди рақамии Русиява Роскомнадзор аллакай рӯи пешниҳодҳое кор мекунанд, ки ба нишонагузорӣ (маркировка)-и муҳтавои рақамие рабт доранд, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва аз ҷумла бо воситаи зеҳни сунъӣ ва ҷойгузинии рақамии чеҳраҳо дар акс ва видео эҷод шудаанд.

Гуфта мешавад, дар оянда таҳияи дипфейк бе ризоияти шахс метавонад ҳамчун ҷиноят шинохта шавад ва ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай дошта бошад.

Пештар, намояндагони бонки «Сбер» изҳор доштанд, ки дар наздиктарин моҳҳо ният доранд 100% шинохти дипфейкҳоро таъмин кунанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад