МУВАФФАҚИЯТҶаҳонгир бо риёзидонӣ ва дигар истеъдодаш маъруф мегардад

Ҷаҳонгир бо риёзидонӣ ва дигар истеъдодаш маъруф мегардад

-

Истеъдод дар натиҷаи омӯзиш ба вуҷуд намеояд ва дар аксар маворид азалист. Ҷаҳонгир Рабиеви 21-сола аз ин қабил аст, ки бо истеъдоди фавқулодааш дигаронро мутаҳайир карда, наворҳояш дар фазои интернет бо суръат паҳн мегарданд.

Ӯ қобилияти зеҳнии аҷиб дорад. Дар муддати кутоҳ тамоми ададҳоро бо 4 амали математикӣ ҳисоб мекунад. Номи пойтахтҳои аксари кишварҳои дунёро медонад.

Аз рӯи соли таваллуд сину соли аниқи одамонро бо толеънома, сол, ҳафта, моҳ ва рӯз баён мекунад. Қобилияти дигари фарқкунандааш ин аст, ки давоми 1 дақиқа 10 мисраъ шеърро ҳифз менамояд.

“Ҳанӯз дар синни 9-солагӣ дарк кардам, ки қобилияти хуби ҳифзи ҳарфу арқомро дорам. Ҳар суоле ки ба ман медоданд, дарҳол ҷавоб медодам. Мактаб намерафтам, аммо тамоми ҳарфҳоро мешинохтам. Бо сабаби беморӣ аз мактаб ду сол қафо монда, дар синни 9-солагӣ ба синфи якум рафтам.  Дар давраи беморӣ аз дигарон ақиб намонда, хондану навишатанро пурра аз худ кардам. Вакте ки ба синфи 1 рафтам аллакай аз ҳамаи ҳамсинфонам пешқадам будам. Онҳо китоби Алифбо ман бошам рӯзнома ва китобҳои бадеӣ мехондам.”,-мегӯяд Ҷаҳонгир.

Амали ғайриоддие, ки рӯзҳои охир Ҷаҳонгирро  дар сомонаҳои иҷтимоӣ маъруф намуд, ин аз чап ба рост, яъне, баръакс ва бо суръати баланд хондани шеъру калимаҳои мушкил аст. Ҳатто шеърҳои тӯлонӣ ва сурудҳои сарояндагонро баръакс мехонад.

Ҷаҳонгир орзӯи таҳсил дар донишгоҳ дорад то муҳосиб шавад. Бо сабаби надонистани забони хориҷӣ ва шароити танги молиявӣ соли гузашта дар имтиҳони ММТ муваффақ нашуд. Айни ҳол дар курси кутоҳмуддати тиббӣ мехонад.

Ҳоло зиёд мутолиа мекунад ва ният дорад соли оянда ҳуҷҷатҳояшро барои роҳ ёфтан ба донишгоҳ супорад.

Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад