ЗАБОНОМӮЗӢАбдуқодир Рустам: донишҷӯро иҷборан ба китобхона бурдан фоҷеаи мост!

Абдуқодир Рустам: донишҷӯро иҷборан ба китобхона бурдан фоҷеаи мост!

-

4 сентябр дар Тоҷикистон “Рӯзи китоб” таҷлил мешавад. Ёдовар мешавем, ки соли 2007 дар ҳамин сана Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани хишти аввали бинои нави Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, барои арҷ гузоштан ба ин ганҷинаи бебаҳо ҳамин рӯзро “Рӯзи китоб” эълон намуда буд ва инак, чаҳордаҳ сол мешавад, ки ин санаро ҳамчун рӯзи китоб қайд мекунем.

Дар арафаи Рӯзи китоб мо бо донишманди тоҷик Абдуқодир Рустам доир ба китобу китобхонӣ, китобдӯстиву китобдуздӣ, сабабу омилҳои кам шудани мутолиа ва дигар паҳлуҳои ин мавзӯъ сӯҳбат намудем, ки манзури хонанда мегардад.

— Устод, нахуст андешаи Шуморо доир ба сухане, ки бисёриҳо медонанд, вале амал намекунанд, фаҳмидан мехоҳем, ки чунин аст: ҳар нафаре, ки як моҳ китоб нахонад ба гӯсфанд табдил меёбад.”   

— Ин гуфтаи нависандаи хушноми мо Темур Зулфиқоров аст, ки ҳар касе агар 6 моҳ китоб нахонад, ба гусфанд табдил меёбад. Ин як тамсил аст. Зеро, дилхоҳ инсон метавонад як моҳ китоб нахонад. Аз ҷониби дигар, тафовути аслии инсон аз ҳайвон дар мутолиаи китоб аст.

— Аксарият талқин мекунанд, ки бояд китоб хонд. Вале намегӯянд бо чӣ далел. Шумо бигӯед, ки чаро мо китоб хонем?

 — Китобхонӣ ҳеҷ формулае надорад: ё мехонӣ ё намехонӣ! Вале роҳҳои ҷалби китобхонӣ вуҷуд дорад. Масалан, якеро бо роҳи ҳавасмандӣ ба мутолиаи китоб ҷалб кардан мумкин, дигареро бо роҳи иҷборӣ.

— Иҷборӣ?!

— Бале, масалан, даҳ нафарро ба китобхонӣ маҷбур кунем, ҳадди ақал, аз онҳо панҷ нафараш ба китоб алоқа пайдо мекунанд ва дар оянда китобхон мегарданд.  

— Мо шоҳид мешавем, ки хонандагон ва донишҷӯён гурӯҳ гурӯҳ барои аъзо шудан ба Китобхонаи миллӣ меоянд. Асли матлабро намедонем, вале ба назар мерасад, ки онҳоро иҷборӣ меоранд.

— Агар донишҷӯро иҷборан ба китобхона барем, фоҷеаи мост.

— Мардум кори муносиб ва маоши хуб надоранд. Китоб нахаридан чӣ паёмад дорад?

— Воқеан нархи китоб дар Тоҷикистон хеле баланд аст. Ман чанде пеш ин масъаларо омӯхта дидам, ки ҳатто дар Осиёи Миёна баландтарин нархи китоб дар Тоҷикистон аст. Бубинед, бо он қимате, ки 1000 нусха китобро дар чопхонаҳои Тоҷикистон ба нашр мерасонем,  имкон дорад, ки бо қимати ду маротиба поин дар Бишкек чоп кард.

– Имрӯз дар Интернет метавон ҳама китобҳои хубу хонданиро пайдо кард ва бидуни сарфи маблағ. Ба ин фикр Шумо розиед?

— Албатта, имрӯз қариб ҳамаи донишҷӯёне, ки дар шаҳрҳо зиндагиву таҳсил мекунанд ба Интернет дастрасӣ доранд ва агар дар фикри китобхонӣ бошанд, танҳо бо донистани забони русӣ ё англисӣ имкони дарёфт ва мутолиаи китобҳои зиёде аст.

— Шумо аз кай инҷониб китоб мехонед?

— Аз вақти алифбохониям.

— Дар ин муддат ягон бор дар китобхонӣ танаффус накардед?

— Дар хондани китобҳои бадеӣ пас аз шурӯъ шудани ҷанги дохилӣ танаффуси 5-6-сола доштам. Он вақт ба натиҷае расида будам, ки адабиёти бадеӣ ба мардум чизе намедиҳад. Яъне, агар чизе медод, адабиёти бадеӣ мардумро тарбия мекард, мардуми мо, ки як адабиёти пурбори ҳазорсола дорад ба ин ҳол гирифтор намешуд… Он замон китоб мехондам, китобҳои тахассусӣ.

— Пас аз 5-6 сол чӣ Шуморо маҷбур кард, ки боз баргардед ба мутолиаи асарҳои бадеӣ?

— Ба натиҷае расидам, ки хулосаи 5-6 сол пеш баровардаам нодуруст аст.   

— Китобхони идеалӣ дар як рӯз чанд саҳифа китоб мехонад?

— Ин марбут ба он аст, ки дар як рӯз барои мутлиаи китоб чӣ қадар вақт дорад. Масалан, ман дар солҳои донишҷӯиям  ҳамарӯза на камтар аз 100 саҳифа китоб мехондам. Дар як ҳафта ду, гоҳе се роман мехондам.  Ҳоло ҳар рӯз аз 20 то 50 саҳифа китоб мехонам ва кӯшиш мекунам, ки танаффус надошта бошам.

— Боре шудааст, ки аз хондани китобе пушаймон шуда бошед?

 — Бале, китобҳои зиёд. Китобҳои дар бачагӣ хондаам. Ин тафаккури одамӣ аст, ки як китобро дар вақти муайян мехониву ба ту писанд меояд, вале онро пас аз 20 ё 30 сол мутолиа мекунӣ ва ба худат мегӯйӣ, ки чаро ин китобро хондам, зеро, чизе надорад. 

— Шумо ба ин андеша розӣ ҳастед, ки “ҳар навишта арзиши як бор хонданро дорад”

— Ин ҳарфи Байҳақӣ аст. Ман ҳоло ба ин гуфта розӣ шуда наметавонам. Зеро, гӯяндааш дар замоне ин ҷумларо гуфта буд, ки китоб хеле кам ва маҳдуд буд. Он ду забоне, ки Байҳақӣ медонист (арабӣ ва форсӣ) бо ин забонҳо китоб кам буд ва умри як инсон барои хонданашон кифоят мекард. Вале ҳоло китоб чунон зиёд аст, ки одам имкон надоред ҳатто феҳристи китобҳои ҳамарӯза дар кишварҳои гуногун нашршударо мутолиа кунад.

— Ҳоло дар баъзе истгоҳҳо мо рафи китобҳои ройгонро мебинем. Ба фикри Шумо ин омил метавонад ба китобхон шудани ҷомеа мусоидат кунад?

— Ман чунин рафи китобро дар истгоҳи “Гулистон” дидам, вале китобҳое ҳастанд, ки ба дарди касе намехӯранд. Агар дар он рафҳо китобҳои наву хубро гузоранд, мумкин аст ба китобхону китобдӯст шудани мардум, хусусан ҷавонон мусоидат кунад. Вале агар кор бо ҳамин минвол давом ёбад, будани чунин китобҳо сарфи беҳудаи вақт асту халос.

– Шумо ягон бор китоб дуздидаед?

— Не.

— Китобдуздӣ гуноҳ аст?

— Китобдуздӣ кори хуб нест. Зеро, китобдуздӣ ҳам монанди дуздиҳои дигар аст.

— Агар мо гӯем, ки кам китоб мехонем, хато мекунем?

— Ин марбут ба он аст, ки ин суханро кӣ мегӯяд. Агар ман гӯям, хато мешавад. Зеро, китобхонии ман кам нест. Вале дар маҷмӯъ барои ҷомеаи имрӯзаи Точикистон ҳарфи дуруст аст.

— Агар мо гӯем, ки аз кӯдакӣ дар назди мо китоб намехонанд ва ба китобхонӣ талқин намекунанд, хато мекунем?

— Хато намекунем, чунки дар 80 дарсади хонаводаи тоҷик ба ҷуз китобҳои дарсии фарзандонашон дигар ҳеҷ гуна китобе дида наметавонем.

— Агар мо гӯем, ки бояд дар вақти холигӣ китоб хонем, на инки барои китобхонӣ вақт ҷудо кунем, хато мекунем?

— Ҳам бале ва ҳам не. Хато мекунем бароиин суханро дар ҳаққи нафаре бигӯем, ки аз соати 8 то 18 кор мекунад ва он одам бояд вақти холигӣ ёфта китоб хонад. Вале хато намекунам суханро дар ҳаққи донишҷӯ гӯем. Зеро, вазифаи аслии донишҷӯ ҷустан, хондан ва такмил ёфтан аст.

— Агар мо гӯем, ки дар китобхонӣ роҳнамое надорем то рӯйхати беҳтарин китобҳоро пешниҳод кунад, хато мекунем?

— Ҳарфи дуруст аст. Имрӯз муттассифона, хонандагони точик, масалан, мактаббачагон роҳнамое надоранд, ки кадом китобҳоро бояд бо кадом тартиб бихонанд.

– Бо умеди боз ҳам китобхону китобдӯст шудани аҳли башар…

— Саломат  бошед!

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ                                                          

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шабакаи X Сан-Франсискоро тарк мекунад

Шабакаи иҷтимоии X имрӯз, 13 сентябр Сан-Франсискоро тарк мекунад. Идораи шабакаи иҷтимоии X Сан-Франсискоро бо сабаби қонуни гендерӣ тарк...

4 медали биринҷӣ аз Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён

Варзишгарони тоҷик то кунун дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон соҳиби 4 медали биринҷӣ гардидаанд. Дадахон Қурбоналиев,...

Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон киҳоянд?

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳон-2024 вориди Тошканд шуд.  Бозиҳо аз 14 сентябр то 6 октябр баргузор...

Хадамоти мухталифи хориҷӣ фаъолияти худро дар Русия қатъ карданд

Хадамоти мухталифи хориҷӣ аз 12 сентябр фаъолияти худро дар Русия қатъ карданд. Аксари ширкатҳо бинобар таҳримҳои нави Амрико ин...
spot_imgspot_img

Дар рӯйхати забонҳои iPhone 16 забони русӣ вуҷуд надорад

Аксари маълумоте, ки қабл аз муаррифӣ дар бораи iPhone 16 паҳн шуда буд, тасдиқи худро ёфт. Тағйироти асосӣ ба...

Сафорат: бе зарурати ҷиддӣ муваққатан аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоед!

Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо назардошти пурзӯр гардидани низоми назорати вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз сарҳади давлатӣ дар гузаргоҳҳои...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад