МУВАФФАҚИЯТМеваҳои нодири ситрусиро дар Тоҷикистон кӣ парвариш мекунад?

Меваҳои нодири ситрусиро дар Тоҷикистон кӣ парвариш мекунад?

-

Грейпфрут дар гармхонаи Абдураҳим

Дар як гармхонаи ноҳияи Ҷайҳун деҳқоне парвариши афлесуну мандарин, лайм, греймфрут, кумкват ва каламондинро ба роҳ мондааст, ки аз ҳар ниҳоле то 40-50 кг ҳосил ба даст меорад.

Шуғли асосии Абдураҳим Тоҳиров лимӯпарварист. Аммо   ҳоло дар баробари лимӯ, номгӯе аз меваҳои нодири ситрусӣ дар Тоҷикистонро парвариш менамояд.

Кумкват дар гармхонаи Абдураҳим Тоиров

Абдураҳим Тоҳиров, зодаи Ҷамоати деҳоти “Панҷ”-и ноҳияи Ҷайҳун аст. Ӯ 35 сол таҷрибаи лимӯпарварӣ дорад. Даҳ сол инҷониб ба парвариши анвои гуногуни меваҳои ситрусӣ пардохт. Мавсуф 6 гармхона дорад, аммо ҳоло танҳо дар як гармхона парвариши афлесуну мандарин, лайм, греймфрут, кумкват ва каламондинро ба роҳ мондааст.

Мандарини парваридаи Абдураҳим Тоиров

Абдураҳим иттилоъ дод, ки меваҳои афлесуну мандарин дар ду сол як бор ҳосили фаровон медиҳад. Дар 30 ниҳоли лиму афлесуну мандарин, лайм, грейпфрут, кумкват ва каламондинро павйванд кард.

Дар Тоҷикистон талабот ба ин меваҳои ситрусӣ кам нест. Бинобар ин, Абдураҳим оянда шумораи ниҳолҳои ситрусиро зиёд карданист.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад