Без рубрикиПошхӯрии оилаҳо бархе падаронро аз дидори фарзанд маҳрум кардааст

Пошхӯрии оилаҳо бархе падаронро аз дидори фарзанд маҳрум кардааст

-

Аксҳо аз Шабакаи интернет
Яке аз омилҳои пошхурии оилаҳо муноқишаҳои тӯлонии тарафҳост, ки дар ин раванд кӯдакон зиён мебинанд.
Аз ҳам пошидани оилаҳо гоҳо падаронро аз дидори фарзандон маҳрум мекунад, зеро, собиқ ҳамсарон иҷозаи дидори фарзандонро намедиҳанд ё мулоқотҳоро маҳдуд мекунанд. Агарчи ин хилофи қонунгузорист.
Ба иттилои бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Темурмалик дар нуҳ моҳи соли равон 15 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ сабт шудааст. Дар соли 2022 ин омор ба 40 ҳолат мерасид. Ҳолатҳои монеъ шудани тарафҳо барои дидорбинии фарзандон низ ҳар сол сабт мешудааст.
Тибқи моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” волидон новобаста аз онки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки бо ҳар кадоми онҳо муошират кунад.
Аммо Қурбоналӣ Абдулфайёз, як сокини ноҳияи Темурмалик мегӯяд, баъди ҷудо шудан аз ҳамсар фарзандонашро хеле кам мебинад, агарчи алиментро сари вақт месупорад.
“Ман алиментро ҳар моҳ сари вақт месупорам. Дар баробари ин, барои таъмини фарзандонам дигар лавозимотро мехаридам, лекин ҳамсарам пайваста барои дидани фарзандонам монеа эҷод мекард. Бинобар ин, ба суд муроҷиат кардам ва ҳоло то ҳадде ин мушкилӣ рафъ гардид.”,- мегӯяд ӯ.
Ба шӯъбаи Ҳифзи ҳуқуи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дар 9 моҳи гузашта 3 шикоят вобаста ба ҳолатҳои монеагии яке аз тарафҳо дар парастории фарзанд ба қайд гирифта шудааст. Шукурулло Ҳомидов, мудири ин шуъба ишора намуд, ки бо чунин масъалаҳо мардум ба онҳо хеле зиёд муроҷиат мекунанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки тариқи фаҳмондадиҳӣ ҷонибҳоро қонеъ гардонанд. Дар сурати қонеъ нашудани тарафҳо баҳс тариқи судӣ ҳаллу фасл карда мешавад.
Амирҷонзода Саидҷон, судяи Суди ноҳияи Темурмалик иброз дошт, ки “мувофиқи қисми 2-и моддаи 66 Кодекси оила падару модар ҳуқуқ доранд дар хусуси тартиби татбиқи ҳуқуқу уҳдадориҳои худ аз ҷониби падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунад, созишномаи хаттӣ банданд. Агар падару модар мувофиқа карда натавонанд, баҳсро суд ҳал менамояд”.
Моддаи 24-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас кардааст, ки фарзандони ноболиғ пас аз бекор шудани ақди никоҳ бо кадоме аз волидон зиндагӣ намоянд ва барои таъминоти фарзандон аз кӣ ва ба кадом андоза алимент ситонида шавад.
Ҳамчунин, тибқи муқаррароти моддаи 66-и Кодекси оила, падар ё модаре, ки аз фарзанд ҷудо зиндагӣ мекунад, барои муошират бо кӯдак ҳуқуқ дорад ва вазифадор аст дар тарбияи ӯ ва ҳалли масъалаи гирифтани таҳсилоти кӯдак иштирок намояд. Падар ё модаре, ки фарзанд бо ӯ зиндагӣ мекунад, набояд монеи муоширати тарафи ҷудо зиндагикунанда гардад.
Дар баробари ин, тибқи банди 4-и Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2003, №16 “Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии баҳсҳои вобаста бо тарбияи фарзандон” ҳангоми баровардани ҳалнома барои бекор намудани ақди никоҳи падару модаре, ки фарзандони ноболиғи муштарак доранд, новобаста аз онки баҳс оғоз шудааст, чораҳо андешида шавад. Бо ин мақсад бояд ба тарафҳо фаҳмонда шавад, ки дар тарбияи кӯдак иштирок намоянд ва падар ё модаре, ки ноболиғ бо ӯ зиндагӣ мекунад, ҳақ надорад барои ин монеъ гардад.
Суд инчунин бо ба ҳисоб гирифтани ҳар як ҳолати мушаххаси парванда тартиби чунин муоширатро (вақт, ҷой, давомнокии муошират ва ғайраро) муайян намуда, онро дар қисми хулосавии ҳалнома нишон медиҳад.
Ҳангоми муайян намудани тартиби муоширати падар ё модар бо кӯдак синну соли кӯдак, вазъи саломатии ӯ, дилбастагӣ ба ҳар яке аз падару модар ва дигар ҳолатҳое, ки ба саломатии ҷисмонию рӯҳии кӯдак ва рушду камоли ахлоқии ӯ таъсир мерасонанд, ба назар гирифта мешавад.
Дар асоси банди 8 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ ҳангоми баррасии баҳсҳои вобаста бо тарбияи фарзандон” ҳамчун барқасдона иҷро накардани ҳалномаи суд, ки барои қонеъ намудани талаби падар ё модари ҷудо зиндагӣ карда истода оиди ба ӯ додани ноболиғ асос мегардад, аз ҷониби ҷавобгар иҷро накардани ҳалнома ё монеа шудан барои иҷроиши он, ба он нигоҳ накарда, ки нисбати падар ё модари гунаҳкор чораҳои бо қонун пешбинишуда андешида шудааст, дониста шуданаш мумкин аст.
Мувофиқи Эъломияи ҳуқуқҳои кӯдак ва қонунгузорӣ танҳо баъди синни 10 солагӣ кӯдакон хоҳиши бо кӣ зиндагӣ карданашонро метавонанд худ дар суд баён кунанд. Сарфи назар аз он, ки кӯдакон бо кӣ меистанд, падар ӯҳдадор ҳаст, ки фарзандонашро таъмин кунад (алимент пардохт кунад) ва дар тарбияи онҳо иштирок намояд. Суд (баъзан бо мақомоти васоят ва парасторӣ), аз ҷумла, ҷадвали аёдати фарзандонро (ки бо ҳамсар зиндагӣ намекунанд) муайян мекунад, то падар тавонад бемамоният бо фарзандаш\фарзандонаш муошират кунад ва онҳоро тарбия намояд, ва ҳамсари дигар ҳуқуқ надорад, ки ба ин монеъа гардад.
Ҳамин тариқ, ҳангоми “тақсимоти” фарзандон баъди ҷудошавии волидайн, ҷинси кӯдак ба ҳеҷ ваҷҳ ба инобат гирфта намешавад, балки муайян карда мешавад, ки кӯдакон (ҳар яки онҳо) бо кадоме аз волидайн худро беҳтар ҳис мекунанд ва чораҳо дида мешаванд, ки волидайн ӯҳдадориҳои худро дар робита бо таъминот ва тарбияи фарзандонашон (сарфи назар аз ҷинсашон) иҷро кунанд, чунки ин ӯҳдадориҳо баъди ҷудошавии волидайн “ғайб намезананд” (онҳо то ба балоғат расидани кӯдакон мемонанд).       

Шералӣ Давлатов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад