МУВАФФАҚИЯТТабибе ки бо корд зебоӣ меофарад

Табибе ки бо корд зебоӣ меофарад

-

Шарифҷон Ҷумаев бидуни подош тасвири чеҳраҳои шинохта-Ҳабиб Нурмагамедов, Шабнами Сурайё, Барон, Абдурозиқ, Лоиқ Раҷабов, Зулайхо Маҳмадшоева ва даҳҳо каси дигарро офарида, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ (YouTube ва Instagram) ба намоиш мегузорад.

Шарифҷон рассоми касбӣ набуда, донишҷӯи соли 6-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. 

Ӯ мегӯяд, чеҳраҳои афроди машҳурро бидуни дастмузд тасвир мекунад ва бар ивази меҳнаташ онҳо ба ин рассоми ҷавон метавонанд ном диҳанд. Зеро, аз тариқи чеҳраҳои машҳур имкони дар интернет маъруф шудан осон аст.

Шарифҷон нақл мекунад, ки рассомиро аз падараш омӯхтааст: “вақте хурд будам, падарам акси қаҳрамонҳои филмҳои тасвириро мекашид ва меҳри рассомӣ аз он ҷо ба қалби ман маскан кард.”,-нақл мекунад ин рассоми 23-сола.

Қаҳрамони мо то синфи 10-ум расм мекашид. Пасон давраи омодагӣ ба донишгоҳ ва таҳсил дар мактаби олӣ фаро расид.

Акнун аз аввали соли гузашта то ҳол қаламро ба замин намегузорад ва маҳсули эҷодашро дар шабакаи You Tube ва саҳифаи “Instagram”-аш нашр мекунад.

Рассоми ҷавон дар саҳифаи Instagram бештар тасвирҳои нафаронеро нашр мекунад, ки ба корбарони ин шабака ошно ҳастанд ва ин тасвирҳо ба Шарифҷон маҳбубият меоранд.

Шарифҷон мегӯяд, ба он хотир чеҳраҳои машҳурро тасвир мекунад, ки мардум аз ҳунараш зуд бохабар шаванд. Яъне, истифодабарандагони интернет тасвири чеҳраҳои шинохтаро, ки Шарифҷон офаридааст, бо аксҳои тариқи телефон ё дастгоҳи аккосибардошташудаи ин чеҳраҳоро муқоиса намуда, баҳогузорӣ мекунанд.

Шарифҷон инчунин раванди расмкашиашро ба навор гирифта, дар шабакаи YouTube нашр менамояд. Дар ин миён бархе аз чеҳраҳои шинохта аз рассом хоҳиш мекунанд, ки расми онҳоро кашад. Шарифҷон аз бархеи дигар худ иҷоза мегирад то расми онҳоро тасвир намояд.

Шарифҷон талош дорад дар рассомӣ навовар бошад. Ҳоло дар баъзе аз корҳояш ба ҷойи қалам аз корд истифода мекунад. Ният дорад, ки оянда аз қалам истифода накунад…

Шарифҷон таҳсилашро дар соҳаи тиб идома доданист ва рассомӣ як кори дӯстдоштаниаш маҳсуб мешавад.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад