ҲАЁТИ СОЛИМСавринисо бо омода кардани борхалтаҳои матоъгин истифодаи пакетҳои пластикиро...

Савринисо бо омода кардани борхалтаҳои матоъгин истифодаи пакетҳои пластикиро кам карданист

-

Маводҳои пластикӣ ва полиэтиенӣ, ки аксар вақт мавриди истифодаи якдафъаина қарор дорад, барои муҳити зисти инсон мушкилот эҷод кардааст.

Муҳитшиносон мегӯянд, дар як сол беш аз 4 триллион пакети пластикӣ дар гардиш қарор мегирад, ки аз таъсири он ҳамасола ба 1 миллион паранда мерасад, ва ҳазорон ҷонварони баҳрӣ ва шумораи зиёди моҳиҳо ба нестӣ мерасанд.

Дар бархе кишварҳои аврупоӣ барои бастабандӣ ва пакетҳо андоз ҷорӣ гардидааст ва мардум аз баҳри пакетҳои пластикӣ гузашта ба истифодаи пакетҳои латтагин ва ё коғазӣ гузаштанд, аммо мо то ҳол дар кишвари мо аз пакетҳои пластикӣ васеъ истифода мекунему ба паёмади он намеандешем. Бар замми истифодаи зиёд, сифати онҳо низ хуб набуда, бо аввалин истифода канда шуда, дар кӯчаву хиёбонҳо партофта мешавад.

Дар чандин кишвари ҷаҳон фурӯшгоҳҳо барои ройгон додани пакетҳои пластикӣ ҷарима мешаванд. Вале дар оддитарин фурӯшгоҳи кишвари мо бо хариди 10 маҳсулот бароят 10 пакети пластикӣ ройгон медиҳанд.

Бо мақсади коҳиш додани истифодаи пластик, аз тарафи бархе сокинон, ташкилоту муассисаҳои дахлдор чораҳо андешида мешаванд.
Савринисо Ҳафизова роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Рушди кӯҳистон» дар ноҳияи Рашт буда, самти асосии фаъолияти ин ташкилот ба масъалаҳои экологӣ равона гардидааст.
Дар робита бо мушкилоти зикршуда аз тарафи роҳбари ташкилот иқдоми наҷибе роҳандозӣ шудааст.

Ин иқдом омӯзиши дӯхтани борхалтаҳои аз матоъ омадашуда миёни бонувони ноҳия мебошад.

Мақсад аз омӯзиши мазкур иваз намудани борхалтаҳои селофанӣ бо борхалтаҳои аз матоъ омадашуда унвон мешавад.

То имрӯз дар аксари минтақаҳои дурдасти ин ноҳия омӯзиши мазкур барои занон гузаронида шудааст. Илова бар ин, бонувони хонашин метавонанд чунин борхалтаҳоро омода намуда аз ҳисоби фурӯши онҳо ба буҷаи оилаи худ даромад оранд. Аз амалигардии ин иқдом 3 сол сипарӣ мешавад ва дар оянда низ идома меёбад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад