ОЛАМИ МАҶОЗӢЧаро истирдоди хакери рус тӯл мекашад?

Чаро истирдоди хакери рус тӯл мекашад?

-

Муовини додситони кулли Қазоқистон Асет Чиндалиев гуфт, истирдоди хакери рус Никита Кислитсин метавонад беш аз як сол тӯл кашад. Дар ин бора манбаи orda.kz-и Қазоқистон хабар додааст.

Ба гуфтаи Чиндалиев, тафтиш то истирдод то як сол давом мекунад. Он омӯзиши тамоми далелҳои мавҷудаи тарафҳо дар мавриди истирдоди шахсро дар бар мегирад.

Кислитсин рӯзи 22 июн дар фурудгоҳи Алмаато боздошт шуд. Дар Русия ӯ ба дастрасии ғайриқонунӣ ба маълумоти аз ҷониби қонун ҳифзшавандаи компютерӣ, инчунин тамаъҷӯӣ, ки аз ҷониби як гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ташкил шудааст, муттаҳам мешавад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ин ҳакерро ба рӯйхати кофтукови федералӣ гузоштаанд. Аммо вай бо дархости Иёлоти Муттаҳида боздошт шуд, ки Кислитсинро дар рахна кардани шабакаи иҷтимоии Formspring дар соли 2012 ва дуздии маълумоти корбарони он гумонбар медонад.

Қаблан мушовири консулгарии Русия дар Алмаато Артем Оганов гуфта буд, мӯҳлати даъво барои ҷинояте, ки Иёлоти Муттаҳида Кислитсинро муттаҳам медонад гузаштааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад