МУВАФФАҚИЯТ"Масъули ҷони мусофирон”. Ронандае бо дастони нозук (Видео)

«Масъули ҷони мусофирон”. Ронандае бо дастони нозук (Видео)

-

Лола Камолова чандест, ки ронандаи нақлиёти ҷамъиятист. Дидгоҳҳои гуногун ва табассуми сокинону меҳмонони пойтахт ӯро ба кораш дилгармтар месозад.

Сомонаи  «jom.tj» аз як рӯзи ин бонуи ронанда матлаб таҳия намуд.

Лола Камолова кист?

Бештар аз 2 моҳ мешавад, ки Лола чанбараки троллейбуси №12-ро дар пойтахт ба даст дорад. Ӯ то ин дам хонашин буд, вале меҳри касби падарӣ ӯро ба сӯи худ мекашид. Лола мегӯяд, ронандагиро аз падараш омӯхтааст ва кунун бидуни тарсу ҳарос нақлиёти бузургро ҳам ронда метавонад.

“Падарам ронанда буданд. Моро ҳамеша дар канорашон мешинониданд ва ба ҳар ҷо барои сайругашт мебурданд. Бо дидани ронандагии он кас мо шавқманд мешудем. Баъди бузург шуданамон, он кас ронандагиро ба мо омӯзониданд. Вале замоне ҳарос доштам. Метарсидам. Ҳоло не, одат кардам, бо дили пур троллейбусро меронам.”, — мегӯяд Лола.

Ин бонуи ронанда мегӯяд, акнун падараш дар нафақа буда, вале ӯву бародарашро ҷойгузини худ карда, ҳоло ба хидмати ҳамватанонаш гузоштааст.

Як рӯзи Лола чӣ гуна мегузарад?

Лола аз субҳи барвақт ба кор шурӯъ мекунад. Хатсайри троллейбуси №12 тариқи кӯчаҳои И. Сомонӣ, А. Сино, С. Шерозӣ ва Н. Қаробоев ҳаракат мекунад. Ба таври маъруф, хатти роҳи Лола аз маҳаллаи “Путовский” оғоз шуда, дар маҳаллаи “Автосентр” дар ҷанубу ғарбии Душанбе ба охир мерасад.

Ин бонуи ронанда мегӯяд, дар як рӯз ҳудудан 6 маротиба аз ин нуқтаи хатсайр то ба нуқтаи дигараш рафту омад дорад. “Дар истгоҳи аввал 10 дақиқа ё бештар аз ин ки троллейбуси аз ман пешбуда ҳаракат кунад, таваққуф мекунам. Мусофирон як-як омадан мегиранд. Пас аз ин ба роҳ мебароям. Аз ин истгоҳ то ба истгоҳи дигарӣ.”, — қисса мекунад ӯ.

Вақте мусофирон ба нақлиёти мусофирбари Лола ворид мешаванду занеро дар сари чанбакари мошин дида, табассум мекунанд. Ин таваҷҷӯҳи истифодакунандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ӯро рӯҳбаланд мегардонад.

“Баъзе мардҳо мебинанд, ки зан ронандагӣ дорад, ҳайрон мешаванд. Мепурсанд, ки “чандсола ҳастӣ?”, “чӣ хел кор мекунӣ?”, “ба ту маҳқул ҳаст?”. Як қисмат мегӯянд, “раҳмат ба падарат!”., — бо хушҳолӣ нақл мекунад Лола.

Мусофирон чӣ назар доранд?

Аз истгоҳ то истгоҳ қалби Лола тунд метапад. Ҳар гаҳе нақлиёти мусофирбарро бозмедорад, нафарони нав вориди он мешаванд ва суханони тозаро ба бонуи ронанда мегӯянд. Назари истифодабарандагони троллейбуси №12 ба кори Лола, як ронандаи зан дар мошинаи дарози пур аз одам, мусбат аст ва онон аз ин хушбинӣ доранд.

Мусофирон мегӯянд, “дар ҷомеаи мо баробарӣ дар байни зану мард дида мешавад. Масалан, дар солҳои пеш рондани троллейбус ё автобус ва ё мошинҳои вазнин аз ҷониби занҳо як чизи ғайримаъмул буд. Имрӯз бинед, занҳо ҳам трактор меронанд, ҳам троллейбус меронанд, ҳам автобус. Инро пешрафти ҷомеа гуфтан мумкин аст”.

Онҳо аз муносибати мардон шикоят ҳам доранд, вале перомуни фаъолияти ронандагии бонувон дидгоҳи мусбат. Як ҳамсӯҳбати мо дар ин хатсайри Лола мегӯяд, “беҳад хидматрасонӣ нисбати бонувон нағз аст. Мо собиқадори Кумитаи ҳифзи ҳуқуқ. Вақте ба нақлиёт медароем, баъзеяш моро мисли душман ҳисоб мекунанд. Ҳуҷҷати нафақахӯриро нишон медиҳем, мегӯянд, “ҳуҷҷататон қалбакӣ аст, корт гиред”. Аммо зан беҳад хуб аст. Мо ҳуҷҷатамонро нишон додем, баръаркс, нағз пешвоз мегирад”.

Ба Лола назари мусофирони ин хатсайри ҷамъиятӣ хеле муҳим аст. Ба пурсишҳои онон ҷавоб медиҳад. Ӯ мегӯяд, бештари истифодабарандагони хатсайраш ба ронандагии вай хушбинанд ва ба сӯи ин ронанда табассум мекунанд.

“Ин ҳолатҳо чандин бор шудааст. Медароянд, табассум мекунанд, механданд. Хушҳол мефароянд. Шукри Худо мекунам, ки ягон мусофири ман руҳафтода берун намешавад.”, — мегӯяд Лола.

Анҷоми афкоро ронанда

Лола дар ин баробар аз эҳтиёт кор мегирад. Дар ҳар танаффус нақлиёти ҷамъиятиро аз назар мегузаронад. Ӯ мегӯяд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, ки масъули ҷони мусофиронаш аст.

Меҳрофарин НАҶИБӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
3
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Парлумон: омӯзиш барои истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар раванди қонунгузорӣ

Вакилон ва мушовирону мутахассисони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ баҳри баланд бардоштани самаранокии раванди қонунгузорӣ аз...

Вакилон аз тағйирот ба созишнома оид ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия

Имрӯз, 8 апрел вакилони Маҷлиси намояндагон аз тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид...

Дар соҳаи тандурустӣ 1432 мутахассис намерасад

Норасоии кормандони соҳаи тандурустӣ соли гузашта 1432 нафарро ташкил додааст. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон,...

Ширкатҳои зеҳни сунъӣ мехоҳанд коргоҳҳо ба ҳафтаи кории чаҳоррӯза «бе коҳиши маош» гузаранд

Ширкати OpenAI пешниҳод мекунад, ки ҳафтаи кории чаҳоррӯза "бидуни кам кардани маош" аз ҷониби коргоҳҳо таҷриба шавад. Ширкати Nvidia...
spot_imgspot_img

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон чемпионати CAFA-ро бо пирӯзӣ оғоз кард

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро бо пирӯзӣ оғоз кард. Дар...

Рақобат барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе оғоз шуд

Имрӯз, 7 апрел озмун ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад