МУВАФФАҚИЯТЭркин Қосимов: бо гулҳоям арзи дил мекунам

Эркин Қосимов: бо гулҳоям арзи дил мекунам

-

Эркин Қосимови 38-сола ягона гулпарвар дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар буда, ҳудуди 20 сол аст, ки ба ин кор машғул аст. Ҳар сол бо фаро расидани фасли баҳор кори ӯ зиёд шуда,  ҳамчунин манбаи даромадаш низ беш мегардад. Қосимов анвои зиёди гулро парвариш мекунад.

Ҳунари гулпарвариро аз касе наомӯхтааст, танҳо завқ ӯро муштоқи ин ҳунар кард. Имрӯз дар саросари вилояти Хатлон ҳамчун як гулпарвари машҳур муарифӣ шудааст ва даҳҳо намояндаи корхонаву ташкилот ва гулфурӯшони мағозаву бозори шаҳри Бохтар гулҳояшро харидорӣ мекунанд.

Хонаи Эркин Қосимов дар маҳалаи Ғайрати шаҳри Бохтар бо доштани гулҳои рангоранги зиёд фарқ мекунад. Бо ворид шудан ба ҳавлии ӯ,  худро дар олами дигар эҳсос мекунӣ. “Гулҳои лола, наргис, сунбулро парвариш мекунам. Вақте ба ин кор ҷиддӣ машғул шудам, бо чанде аз гулпарварони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ҳамкориро оғоз кардам. Гулҳои парваридаи маро мақомоти шаҳри Бохтар харидорӣ ва канори роҳҳои шаҳр мешинонанд.”,-мегӯяд А. Қосимов.

Ин гулпарвар мегӯяд, нигоҳубини 10 ҳазор гул дар муҳити хона осон нест, гоҳо барои эмин нигоҳ доштани онҳо дар фасли сармо ҷой маҳдуд аст, вале ӯ тавонист ҳама аҳли оиларо ба гулпарварӣ моил кунад то дар нигоҳубини гулҳо саҳм гузоранд.

“Гулҳо хеле нозуканд, заҳмати зиёдро талаб мекунад. Бо онҳо бояд зуд-зуд ошноӣ кард. Аз хурдӣ ба гулпарварӣ шавқ доштам, ҳар куҷое, ки гуле медидам, шохаи онро оварда дар хона мешинондам. Орзу доштам, ки гулпарвари муваффақ шавам. Ниҳоят ба орзуям расидам. Шукр мекунам, ки даромади хуб дорам.”

Эркин Қосимов аз ин шуғлаш фоидаи хуб мебинад. Баъзан дӯстдорони гул фармоиш медиҳанд ва ӯ ҳар қутии гулро вобаста ба намудаш нархгузорӣ намуда, дастраси муштариён мекунад. “Арзиши гул вобаста ба намуди гул аст, як гулро то дусад доллар фурӯхтам.”

Қосимов мегӯяд, тухми гули лоларо аввалин бор аз шаҳри Маскав оварда, дар хонааш шумори онҳоро зиёд кард. Ҳар сол дар фасли баҳор танҳо аз як навъи гули лола чаҳор ҳазор сомонӣ даромад ба даст меорад.

Эркин аз гулпарварӣ лаззат мебарад. Вақте нороҳат ё асабонӣ аст, бо гулҳояш арзи дил мекунад, хастагиашро рафъ месозад.

Эрикин Қосимов дар баробари гулпарварӣ, дар мактаби №14-и маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар муаллим аст.

Рӯзғори худу хонаводаашро бо маоши омӯзгорӣ ва гулпарварӣ пеш мебарад. Онҳое ки бо баҳонаи набуди ҷойи кор ба ҳеҷ шуғле андармон намешаванд, чашми дидан надорад.

Дар 08 га замини наздиҳавлигӣ гулҳои гуногун шинонидааст. Мақсад дорад, ки шумораи гулҳояшро ба 20 ҳазор расонад.

                                                       Муалиф: Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад