МУВАФФАҚИЯТ“Пайраҳаи мураббӣ” дар бораи кист?

“Пайраҳаи мураббӣ” дар бораи кист?

-

Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов баъди панҷ соли таъсисёбӣ хабар дод, ки бо таҳияву сабти филми ҷадиди “Пайраҳаи мураббӣ” нав ба майдони синамои сатҳи байналмиллалӣ қадам монд. Ин филм дар жанри драма ва шарҳиҳолӣ омода шуда, нахустнамоишаш дар кинотиатрҳои Тоҷикистон аз 15-уми майи соли равон оғоз мешавад.

Филми “Пайраҳаи мураббӣ” аз ҳаёти муаллифи чандин китобҳои тиҷоратӣ, равоншинос ва ба гуфти коргардонаш мултимиллионери тоҷик Саидмурод Давлатов қисса мекунад.

Муҳиддини Музаффар муаллиф ва коргардони ин филм мегӯяд, филми мазкур дар бораи Давлатов набуда, балки аз ҳаёти сангини тоҷике нақл мекунад, ки дар кӯҳистон зода шуда, сипас худашро сохт:     

“Ӯ дар баробари кашф кардани худаш тоҷикро муаррифӣ кардааст. Барои чи мо дар бораи як тоҷики муваффақ фикр накунем. Мо дар филм кушодем ҷойҳои калидие, ки барои муваффақ шудани одам даркор аст. Либосҳои пӯшида дарондаи ӯро ба тан кунӣ, мефаҳмӣ, ки кадом роҳро тай кардааст.”

Ин филми ҳунарии 95 дақиқагӣ солҳои 2019 ва оғози соли 2020 дар кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Амрико дар ҳамкорӣ бо маркази продюсерии “Футура Магнум” ва ситораҳои синамои ин кишварҳои пасошӯравӣ наворбардорӣ шуда, аз 5 қисм иборат аст. Муҳиддини Музаффар мегӯяд, бо наворгирии филми “Пайраҳаи мураббӣ” дар шакли русӣ “Один на миллион”  талош кард образи чеҳраи тоҷикеро, ки дар гузашта дар чанде аз кишварҳо ҳамчун муҳоҷир аксаран мешинохтанд то ҷое иваз кунад.  

“Ин филм дар бораи як тоҷике аст, ки азобҳои зиёдро пушти сар карда тавонистааст, ки дар дунё худашро муаррифӣ кунад ва ҳазорон пайрав дошта бошад. Тавонистааст, ки ҳазорон нафарро аз қарз барорад. Мақсади асосии мо иваз кардани образи тоҷике, ки ҳамчун аробакашу сохтмончӣ мешиносанд бо ин роҳ иваз кардан ва як хишт гузоштан аст”.

Ҳарчанд филми “Пайраҳаи мураббӣ” бештар ба зиндагии Саидмурод Давлатов тобиш мехӯрад, аммо Муҳиддини Музаффар бар ин аст, ки ҳеҷ гоҳ чунин набуда, филм аслан аз нигоҳи коргардон маҳз ба ӯ бахшида нашудааст.

Ишораи Муҳиддини Музаффар бар он аст, ки ин коргардон тавонистааст зиндагии пуштипардардагии чунин як шахсиятро кашф кунад:

“Ман дар вуҷуди ин нафар чизеро пайдо кардам, ки дар вуҷуди ҳазорҳо одам надидаам. Дар вуҷуди ин одам энергия хоҳиш ва мақсадҳои бузург нуҳуфтааст. Шабу рӯз мехонад ва ҳамеша пайи ихтирои маҳсулот аст.  Шабу рӯз дар андешаи раҳнамоии соҳибкорон аст.”

“Пайраҳаи мураббӣ” дар асоси воқеаҳои реалӣ наворбардорӣ шудааст. Қисме аз филм бозгӯйи солҳои 1978-и деҳаи кӯҳистонии Дарғи ноҳияи Айнӣ аст, ки дар як хонаводаи оддӣ тифле тавлид мешавад ва ба ӯ Саидмурод ном мегузоранд. Ҳамагӣ дар яксолагии кӯдак падараш ба таври фоҷиавӣ мефавтад ва тарбияи ӯ ба дӯши модар меафтад.

Саидмурод мактабро хатм мекунад ва якбора ба се донишгоҳи олӣ дохил мешавад. Вале дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ зиндагии оила тобиш хурда, хонаводи ӯ ба мушкили молӣ дучор мешаванд. Саидмурод ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия меравад, аммо дар он ҷо дучори рӯзҳои сангин мегардад. Мушкилоти тақдир, ки боиси ғояи худкушӣ мешаванд. Таҳдид, ҳабс ва шармандакунии оммавӣ… Чӣ гуна қаҳрамон аз ҳама гардишҳо халос мешавад? Талоши ӯ барои орзуҳо ва муваффақият ба ӯ чӣ арзиш дошт?  Кӣ ба ӯ дасти ёрӣ дароз кард…?

Ин ва дигар бахшҳои ҳаёти ӯро филми “Пайраҳаи мураббӣ” қисса мекунад.

Сенариянависи филм Бахтиёр Каримов буда, продюсер Илнур Гофатулин ва коргардон Темур Султонов аст. Нақшҳоро чандин ҳунармандони касбии тоҷик — Фирӯза Раҳмонова, Лутфулло Давлатов, Парвиз Пӯлодӣ, Мавлона Наҷмиддинова, Тағоймурод Розиқов ва ғайраҳо иҷро кардаанд. Аз ҷумла даҳҳо ҳунарманди маъруфи Русия, Қирғизистон, Қазоқистон  ба монандӣ Александр Песков, Елена Дубровская, Александр Елизаров , Любов Фирсова,  Сергей Ершов, Мемоншо Мемоншоев, Самад Мансуров, Татяна Горобченко, Анзор  Камаридинов ва дигарон дар ин филм нақш бозиданд.

Коргардон Муҳиддини Музаффар мегӯяд, бо наворгирии “Пайраҳаи мураббӣ” ё худ “Один на миллион” хароҷоти аслии филмбардории сатҳи байналмиллалиро фаҳмиданд. Ҷанбаҳои нави тартибу низоми майдони наворро омӯхтаанд, аз офаридани чунин як филм бо ҳуранмандони ҳирфаии русу қирғизу қазоқ таҷрибаи бузурге синамогарони “Суғдсинамо” касб карданд.

 

“Хароҷоти филм аз 500 ҳазор доллар зиёд аст ва ҳанӯз хароҷот идома дорад. Ҳоло муаррифи филм идома дошта, дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Беларус ба бозорёбии филм  гурӯҳи продюсерон машғул ҳастанд.”-мегӯяд коргардон Муҳиддини Музаффар.

Муассисаи  “Суғдсинамо”  давоми 5 соли ахир  10 филми ҳунарию мустанад офарида, филмҳои ҳунарии “Коса” ва “Тангно”, филмҳои мустанади “Духтари Сайҳун” ва “Умар-ако” дар кинофестивалҳои миллию байналмилалӣ соҳиби ҷоиза гардиданд. 

Муаллиф: Ҳалимҷон Ҷураев

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роботҳои ғизорасон дар Алмаато

Дар Алмаато хидмати нави интиқоли ғизо бо истифода аз роботҳои Яндекс ба кор шурӯъ кард. Ин роботҳо қодиранд мустақилона...

Натиҷаи бозӣ бо Марокаш: 4:2

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон нахустин бозии худро дар Ҷоми ҷаҳон-2024 доир кард. Дастаи Тоҷикистон дар бозии ифтитоҳии даври аввали гурӯҳи...

Фотиҳаи бармаҳал чаро ҷавобгарӣ надорад?

Номзадкунӣ ё фотиҳаи бармаҳал то кунун дар баъзе аз нуқоти кишвар ҷой дорад ва чунин ҳолатҳо дар Исфара низ...

Шабакаи X Сан-Франсискоро тарк мекунад

Шабакаи иҷтимоии X имрӯз, 13 сентябр Сан-Франсискоро тарк мекунад. Идораи шабакаи иҷтимоии X Сан-Франсискоро бо сабаби қонуни гендерӣ тарк...
spot_imgspot_img

4 медали биринҷӣ аз Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён

Варзишгарони тоҷик то кунун дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон соҳиби 4 медали биринҷӣ гардидаанд. Дадахон Қурбоналиев,...

Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон киҳоянд?

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳон-2024 вориди Тошканд шуд.  Бозиҳо аз 14 сентябр то 6 октябр баргузор...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад