МУВАФФАҚИЯТРиояи эТИКет муҳити тоҷикии интернетро беҳ мекунад

Риояи эТИКет муҳити тоҷикии интернетро беҳ мекунад

-

Намоди Одобномаи шаҳрванди электронӣ. Акс аз шабакаи интернет

Риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва анъанаҳои миллӣ дар фазои виртуалӣ, худдорӣ аз муоширати дурударози безарурат бо телефон ва дигар воситаҳои алоқа дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бе иҷоза даст нарасондан ба таҷҳизот ва воситаҳои технологии дигарон, риояи далнопазирии маълумоти шахсии инсон дар фазои виртуалӣ,  манъ будани асардуздӣ аз техналогияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ,  ирсол накардани спам (ҳарзанома), риояи ҳатмии эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонунҳои миллӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар фазои виртуалӣ чанде аз тавсияҳои Одобномаи шаҳрванди электронӣ дар Тоҷикистон аст, ки ҳудуди даҳ сол қабл қабул гардида буд. Аммо аксарияти ҷавонон дар бораи ин ҳуҷҷат намедонанд.

Дар ҳамин ҳол, Илҳом Ҷамолиён, рӯзноманигор ва роҳбари пойгоҳи mediasavod.tj нигаронӣ мекунад, ки бештари корбарон дар фазои маҷозӣ аз иҷрои Одобномаи шаҳрванди электронӣ (эТИКет) саркашӣ мекунанд ё хабар надоранд ё инки рафтору кирдори худро дар муҳити маҷозӣ зери назорати хеш намегиранд, ки ин боиси дар муҳтавои фароҳамшуда, суханҳои қабеҳ, дашном, таҳқир, сарфи назар кардани озодиҳои дигарон ва як зумра масоили дигар пеш меояд.

Ба бовари ҷаноби Ҷамолиён, истифодаи одобнома ба сифати ҳуҷҷати худтанзимкунӣ муҳити тоҷикии интернетро беҳтар мегардонад.

Асри технологияи рақамӣ барои дарёфти иттилоот, дониш, фароғат имконияти фаровоне фароҳам кардааст. Технологияи рақамӣ ба мо имкон додааст, ки бо ҳамдигар муошират кунем, муҳтаво мубодила намоем, бо истифода аз пойгоҳҳои гуногун шабакаҳои тиҷоратӣ таъсис диҳем. Ин вобастагии аз ҳад зиёд аз интернет моро водор месозад, ки ҳузури онлайни худро дар олами маҷозӣ дуруст танзим кунем.

Соли 2013 дар Тоҷикистон  Одобномаи шаҳрванди электронӣ (эТИКет) қабул гардид, ки ҳадафи асосии он ба роҳ мондани рафтори дуруст дар фазои электронӣ буд.

Одобномаи шаҳрванди электронӣ дар конфронси ҷумҳуриявӣ 11 октябри соли 2013 аз ҷониби 31 фаъоли ҷомеаи иттилоотии рақамӣ қабул гардид. Он аз 21 банд ё меъёр иборат аст. “Ин санад қонун нест. Бо он касе ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ (аз ҷумла ҷавобгариҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ) кашида намешавад. Ин ҳуҷҷате аст, ки ҳар кас метавонад онро бо зеҳн ва виҷдони худ эътироф намояд.”,-менависад дар rushnoi.org.

Ҷавҳари Одобномаи мазкур ҳамин аст, ки меъёрҳои одоби ҳаёти воқеӣ дар фазои виртуалӣ (маҷозӣ) бояд  пурра риоя гарданд.

Шакли кӯтоҳшудаи онро эТИКет гуфтаанд. Он аз калимаҳои “мобикэт” ва “нетикэт” таркиб ёфтааст. Мобикет одоб ҳангоми истифодаи телефонҳо, аз ҷумла телефонҳои мобилиро дар назар дорад. Нетикет одоб ҳангоми истифодаи шабакаро дар назар дорад. Дар маҷмуъ эТИКет ҳардуи ин мафҳумро ба инобат гирифта, этикаи дастрасӣ, истифода, татбиқ ва дигар амалҳои вобаста ба ТИК-ро ифода менамояд”.

Асомудин Атоев

Асомудин Атоев, раиси Анҷумани фароҳамкунандагони Интернет дар Тоҷикистон ҳадаф аз таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи «Одобномаи шаҳрванди электронӣ»-ро ҳалли мушкили заифии фарҳанги иттилоотии ҷомеа унвон мекунад.

«Истифодаи дурусти фазои маҷозӣ имконияти навро фароҳам мекунад ва корбурди баръакси он таҳдидҳо доранд.»,-мегӯяд Асомудин Атоев.

Ба бовари ҳуқуқшинос Хусрав Зикруллоев   дар асри иттилоотонӣ ва интернет “дастрасии мардум ба иттилоот таъмин карда шуда, дар баробари ин роҳи ҳалли баҳсҳои дар ин самт бавуҷудоянда дар доираи чаҳорчубаи қонун мушаххас ва муайян карда шаванд…

Бо ҷаримаи як ҷавондухтар барои дашномҳои қабеҳ дар пахши мустақими шабакаи иҷтимоии “Тик-Ток” Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шарҳ додааст, ки “мақсад аз татбиқи ҷазо ва роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифатнокию одоби истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва нигоҳ доштани фарҳангу ҳувияти миллӣ ба шумор меравад.”

Дар идома ин ниҳод таъкид кардааст, ки ин иқдоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз ҷониби шаҳрвандон ҳамовозӣ пайдо намуд, минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Яъне, дар сурати рӯй додани чунин ҳодиса, онҳо ба ҷавобгарӣ ҷалб мегарданд… 

Шакли кӯтоҳшудаи номи санади мазкур эТИКет аст, ки аз калимаҳои «мобикэт», «нетикэт», ки дар маҷмуъ одоб ё этикети дастрасӣ ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК)-ро ифода менамоянд, таркиб ёфтааст.

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад