ВАРЗИШАвазхуҷа писаронашро "Шоҳи Ҷиу-ҷитсӣ" гардонду онҳоро тарк кард

Авазхуҷа писаронашро «Шоҳи Ҷиу-ҷитсӣ» гардонду онҳоро тарк кард

-

Мунис ва Абубакр бо медалу камарбандҳояшон

Авазхуҷа Каримов барои рушди фарзандонаш тамоми корро кард то он муваффақ гарданд. Вале дар авҷи муваффақияти писаронаш марг ӯро аз фарзандонаш ҷудо кард.

Дӯстмурод Шарипов, дӯсти ин хонавода тариқи шабакаи ютуб аз марги нобаҳангоми Авазхуҷа Каримов падари Мунис ва Абубакр- шоҳони Ҷиу-ҷитсу хабар дод.

Авазхуҷа дилбохтаи футбол буд. Ӯ ба ин навъи варзиш шавқу рағбати зиёд дошт ва 7 сол футбол бозӣ кард. Пас аз муддате ба хулосае меояд, ки бо футбол наметавонад парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардорад. Ӯ тасмим гирифт фарзандонашро ба варзише ҷалб намояд, ки  дар Тоҷикистон рушд накардааст. Ҳардуи фарзандонашро,ки он замон 5 ва 4-сола буданд, ба риштаи Ҷиу‑Ҷитсу  ҷалб намуд.

 “Ман ба хотири фарзандонам ба хотири ватанам кулли дороиямро фурӯхта ба Федератсияи Русия рафтам. Дар аввал давоми 6 моҳ дар хона бо онҳо тамрин мекардам. Баъдан онҳоро ба мактаби варзишии  Расул Боқиев супоридам. Онҳо дар аввал аз риштаи ҷудо машқро шурӯъ карданд ва чанд муддат зери назари Артём Сергеевич бо ин намуди варзиш машғул шуданд. Баъдан ба хулосае омадам, ки фарзандонамро ба намуди варзише ҷалб намоям, ки дар арсаи ҷаҳон давлати Тоҷикистон намояндае надорад.  Пас аз ин дар риштаи Ҷиу‑ҷитсу машқу тамрин намуданд.”‑қисса карда буд Авазхуҷа Каримов падари ин ду наврас ба jom.

То кунун Мунис зиёда аз 66 медал ва бародари ӯ Абубакр 55 медали тилло ба даст овардаанд. Бародарон Мунису Абубакр ҳамагӣ 9 ва 8 сол дошта, бо вуҷуди ин аллакай дар ҷаҳони Ҷиу-ҷитсу нотакроранд.

Моҳи январи соли равон Мунис ва Абубакр Давлатовҳо (вазни 30кг) дар суперлигаи RGSA боз мақоми аввалро касб карданд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад