МУВАФФАҚИЯТ8 шабеҳи қаду қомати зан аст

8 шабеҳи қаду қомати зан аст

-

Рӯзи байналмилалии занон (8 март) рӯзи ҷаҳонист, ки дастовардҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсии онҳо тавсиф мешавад. Ин сана инчунин як рӯзи амалиёт барои чораандешӣ алайҳи нобаробарии гендерӣ дар саросари ҷаҳон мебошад…

Занони ҷаҳон сазовори онанд, ки аз тамғагузорӣ (стигма) қолабҳо ва зӯроварӣ озод бошанд; ояндае, ки пойдор, осоишта, бо ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар барои ҳама.

Пас барои расидан ба он, ниёз ҳаст, ки сари ҳар мизе қарорҳо қабул шаванд. Дар гузориши ахири Дабири кулли СММ нишон омадааст, ки занҳо дар 22 давлат сарвари давлатҳо ё ҳукуматҳо мебошанд ва танҳо 24,9 фоизи аъзои парлумонро дар ҷаҳон занон ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, дар ҳама мушкилиҳои рӯзгор занон баробар бо мардон истодагарӣ мекунанд. Вируси ҳамагири COVID-19 собит намуд, ки занҳо низ дар сафи пеши мубориза бо ин вурус буданд. Занон ҳамчун корманди соҳаи тандурустӣ, олим, табиб ва парастор паҳлӯи мардум буданд, аммо бо даромади кам.

Сомонаи www.unwomen.org матлаберо таҳти унвони “International Women’s Day 2021 theme – “Women in leadership: Achieving an equal future in a COVID-19 world” интишор намудааст, ки дар он вазъи занони ҷаҳон баррасӣ шудааст.

“Дар ҷаҳон нисбат ба ҳамтоёни мардашон 11 фоиз камтар маош мегиранд. Таҳлили гурӯҳҳои кории COVID-19 нишон дод, ки аз 87 кишвар танҳо 3,5 фоизи онҳо баробарии гендерӣ ҷой дорад. Вақте ки занон роҳбарӣ мекунанд, мо натиҷаҳои мусбатро мебинем… Занон, алахусус занони ҷавон, дар сафи пеши ҳаракатҳои гуногун ва фарогир ба адолати иҷтимоӣ, тағирёбии иқлим дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон ҳастанд. Бо вуҷуди ин, занони то 30-сола камтар аз 1 фоизи вакилони парлумонро дар саросари ҷаҳон ташкил медиҳанд.” https://www.unwomen.org/en/news/in-focus/international-womens-day

8- март- рӯзи “Модарон”, “Иди Занон” бо номҳои гуногун дар ҳар кишвар таҷлил меавад. Соли 1977 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид 8 март ҳамчун рӯзи баробарҳуқуқии марду зан эълон гардид. Дар гузашта онро ҳамчун Рӯзи озодии занон медонистанд ва он таърихи тӯлонӣ дорад.

Аз таърихи 8-март

Susan Brownell Anthony

Нақши Сюзен Браунелл Энтони (Susan Brownell Anthony) дар ҳимояи ҳуқуқи занон барҷаста дониста мешавад. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Амрико, вай мубориза бурд то ба зодагони Амрико шаҳрвандӣ дода шавад,  бо умеди ба даст овардани ҳуқуқи интихоб. Дар соли 1869 Ассотсиатсияи Миллии Ҳуқуқи Занон (NWSA) аз ҷониби Элизабет Кэйди Стэнтон (Elizabeth Cady Stanton) ва Сюзен Браунелл Энтони барои идомаи мубориза барои ҳуқуқи занон таъсис дода шуд. Дар аввали солҳои 1900 занон нобаробарии музди меҳнат, ҳуқуқи овоздиҳиро аз сар мегузарониданд ва онҳо аз ҳад зиёд кор мекарданд. Бинобар ин, 15000 зан соли 1908 дар шаҳри Ню Йорк раҳпаймоӣ карда, ҳуқуқҳои худро талаб карданд. Соли 1909, мувофиқи эъломияи Ҳизби Сотсиалистии Амрико, аввалин бор “Рӯзи занони миллӣ” қайд гардид. Ин рӯз якшанбеи охири феврал интихоб шуда, то соли 1913 таҷлил мегардид.

https://nationaltoday.com/

Таърихи пайдоиши ҷашни занон дар рӯзи  8-уми март аз соли 1910 маншаъ мегирад. Дар форуми занон дар Копенгаген сиёсатмадори олмонӣ Клара Сеткин ба тамоми ҷаҳониён муроҷиат намуд, ки 8-ми мартро рӯзи озодии занон эълон намоянд, то дар ин рӯз онҳо тавонанд аз ҳуқуқи худ дифоъ намуда, норозигии худро нисбат ба мушкилоташон баён намоянд. Танҳо баъди як даҳсола 8-уми марти соли 1921 хамчун иди занон эълон гардид.

Интихоби рақами 8 тасодуфӣ набуда, гӯё Клара Сеткин бинобар ин рақам (8) ба қаду қомати зан шабоҳат доштанаш, маҳз онро интихоб кардааст.

Муаллиф:  Одина Маҳмад

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бо дастаи SpaceX/Starlink мулоқоти кории онлайн баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот...

Lenovo 33 соат бидуни пуркунии дубораи барқ кор кунад

Lenovo фурӯши ҷаҳонии ноутбуки нави IdeaPad 5 2-in-1 14Q8Y11-ро дар асоси платформаи Qualcomm Snapdragon X2 оғоз кард.  Вазни ин...

Доварони тоҷик дар семинари элитаи Конфедератсияи футболи Осиё

Дар Маркази миллии футболи шаҳри Тошканд семинари доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё ҷараён дорад, ки дар он 92 довар...

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....
spot_imgspot_img

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад