ҲАЁТИ СОЛИМИсроил барои барқарор кардани обрӯяш 750 миллион доллар ҷудо...

Исроил барои барқарор кардани обрӯяш 750 миллион доллар ҷудо кард

-

Исроил 730 миллион долларро ҷудо кардааст то бо сухан ва дипломатияи иттилоотӣ обрӯяшро барқарор кунад. Қонунгузоронаш буҷаи миллии соли 2026-ро тасдиқ карданд, ки тақрибан 730 миллион долларро барои дипломатияи ҷамъиятӣ, ки ба забони ибронӣ «ҳасбара» ном дорад, дар бар мегирад. Ба иттилои timesofisrael.com, ин хароҷоти бесобиқа дар ҳолест, ки як қатор пурсишҳо нишон медиҳанд, ки ҷонибдорӣ аз Исроил дар Амрико- муттаҳиди асосии он коҳиш меёбад. Пурсиши Pew Research Center, ки аввали ҳамин моҳ нашр шуд, нишон медиҳад, ки 60%-и амрикоиҳо ҳоло ба Исроил бо назари манфӣ менигаранд . Ин омор нисбат ба як соли гузашта 7 банди фоизӣ зиёд будааст.

Ҳатто 57%-и ҷумҳурихоҳони то 50-сола нисбат ба Исроил назари манфӣ доштаанд. Ҷонибдорӣ дар миёни афроди бедин, протестантҳои сиёҳпӯст ва католикҳо низ коҳиш ёфтааст. Дар миёни яҳудиёни амрикоӣ низ сатҳи дастгирӣ кам шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта Исроил маблағҳоро сарф кардааст. 

— 50 миллион доллар барои таблиғоти байналмилалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Google, YouTube, X ва Outbrain;
— тақрибан 40 миллион доллар барои даъвати 400 ҳайати хориҷӣ — қонунгузорон, рӯҳониён, инфлюенсерҳо ва ректорони донишгоҳҳо;
— таъсиси «ҳуҷраи ҷанги иттилоотӣ» барои назорати 250 расона ва 10 000 маводи рӯзона вобаста ба Исроил.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад