ҲАЁТИ СОЛИМСе кишвари Осиёи Марказӣ мехоҳанд мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар...

Се кишвари Осиёи Марказӣ мехоҳанд мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар ин минтақа баргузор гардад

-

Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои қабули мизбонии Ҷоми Осиё-2031 талош  доранд.
Федератсияҳои футболи се кишвари Осиёи Марказӣ ба қароре омаданд, ки барои мизбонии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дархости муштарак ирсол кунанд. Зеро то ҳол Ҷоми Осиё дар Осиёи Марказӣ баргузор нашудааст.
Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустам Эмомалӣ  дар Конгресси CAFA дар соли 2023 пешниҳод карда буд, ки дархости муштарак барои баргузории Ҷоми Осиё ирсол гардад.
«Минтақаи Осиёи Марказии мо дар таърихи худ ҳеҷ гоҳ қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро мизбонӣ накардааст. Ман фикр мекунам, ки фурсат фаро расидааст. Минтақаи моро дастаҳои хеле пурқувват намояндагӣ мекунанд ва бовар дорам, ки ҳамроҳ бо кишварҳои бародари худ қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро дар сатҳи баланд баргузор хоҳем кард.», – зикр карда буд президенти CAFA Рустам Эмомалӣ.
Раиси Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа дар суханронии худ дар Конгресси CAFA дар Душанбе дар соли 2023 дар мавриди пешниҳоди дархости муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баргузории қисми ниҳоии Ҷоми Осиё пуштибонӣ карда гуфта буд, ки ин минтақа сазовори баргузории мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни тимҳои миллӣ аст.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад