ҲАЁТИ СОЛИМБартарафсозии паёмади офати табиӣ дар Бадахшон таҳти назорати Президент

Бартарафсозии паёмади офати табиӣ дар Бадахшон таҳти назорати Президент

-

Рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар вилояти Бадахшонро Президенти кишвар таҳти назорати хеш гирифт.

Бинобар сабаби боридани барфи зиёд тақрибан дар шаҳри Хоруғ, тақрибан соати 11-и рӯз тарма бинои Консулии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ ва хонаҳои истиқоматии сокинони кӯчаи Н. Хисрав зери тарма монда, дар натиҷа 8 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҷустуҷӯи чанд нафар беномунишон идома дорад.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ 7 манзили истиқоматӣ зери тарма монда, пурра хароб гашта, 10 хонаи дигар қисман зарар дидааст.
Ҳамзамон 12 нафар ба Маркази ташхиси Хоруғи боло дастрас карда шуда, мутаассифона, вазъи 2 нафар вазнин арзёбӣ мегардад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ гардид, ба пайвандону наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори амиқи тасаллият намуд.

«Бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби шахсони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони аввали як қатор вазорату кумитаҳо Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд.»,-хабар медиҳад сомонаи prezident.tj.

Комиссияи давлатӣ вазифадор шуданд, ки дар муҳлати кутоҳтарин оқибатҳои офати табииро бартараф карда, ба оилаҳои зарардида кумаки моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз қабили маводи хӯрока, сару либоси гарм ва дигар ашёи зарурии рӯзгор дастрас намоянд.

Акс аз шабакаи фейсбук

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад