ҲАЁТИ СОЛИМПисари Муаммар Қаззофӣ кушта шуд

Писари Муаммар Қаззофӣ кушта шуд

-

Писари дуюми ҳокими кушташудаи Либия Муаммар Қаззофӣ дар манзили худ, дар ғарби ин кишвар ба зарби тир кушта шудааст. Сайф ал-Ислом Қаззофии 53-сола яке аз шахсиятҳои пурнуфузи Либия ба шумор мерафт.

Дар Либия писари дуюми ҳокими собиқи кишвар Муаммар Қаззофӣ — Сайф ал-Ислом Қаззофӣ кушта шуд. Ба иттилои дафтари Қаззофӣ, 3 феврал, чор марди ниқобпӯш ба иқоматгоҳи ӯ дар шаҳри Аз-Зинтон дар ғарби кишвар ворид шуда, ӯро ба қатл расонданд. 

Сайф ал-Ислом солҳои тӯлонӣ ҳамчун вориси эҳтимолии падари худ баррасӣ мешуд ва то «баҳори арабӣ»-и соли 2011 худро ҳамчун сиёсатмадори мӯътадил ва ислоҳталаб муаррифӣ мекард. Ин симо замоне хатчадор шуд, ки ӯ дар посух ба эътирозҳо ба саркӯби хунини онҳо таҳдид кард.

Моҳи ноябри соли 2011 ӯ дар ҷануби Либия бар асоси ҳукми боздошти Додгоҳи ҷиноятии байналмилалӣ боздошт шуд. Соли 2015 додгоҳи Триполӣ ӯро ғоибона барои ҷиноятҳое, ки дар ҷараёни эътирозҳои густарда ва дар ниҳоят ба сарнагун шудани падари ӯ анҷомиданд, ба ҳукми қатл маҳкум кард. Соли 2016 Сайф ал-Ислом Қаззофӣ авф шуда, соли 2017 аз зиндон озод гардид.

Сайф ал-Ислом Қаззофӣ яке аз таъсиргузортарин чеҳраҳои Либия ба ҳисоб мерафт. Соли 2021 ӯ нияти худ барои номзад шудан ба мақоми президентиро эълон кард, аммо интихобот ба далели ихтилофҳо баргузор нашуд. Айни ҳол Либия амалан миёни ду ҳукумати рақиб дар шарқ ва ғарби кишвар қисмат шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад