Без рубрикиМаъюбӣ Муҳаммадро нашикаст!

Маъюбӣ Муҳаммадро нашикаст!

-

Маъюбиро баъзеҳо охири ҳама кӯшишҳо медонанд ва дилашон ҳамеша сард аст. Аксарият кор кардан намехоҳанд, аз орзу кардан метарсанд, барои давоми умрашон мақсад намегузоранд ва ба пеш ҳаракат намекунанд.

Аз ҷониби дигар, бархе мардум ҳам ба шахсони дорои маъюбият муносибати начандон хуш доранду онҳоро дастнигар мегӯянд. Қисме маъюбиро охири кор мепиндоранд.

Вале мо нафареро пайдо кардем, ки маъюб асту баръакси гуфтаҳои боло кору зиндагӣ  дорад.

Қаҳрамони мо Муҳаммад Саидмуродов аст. Ӯ 17 сол дорад. Маъюб асту дар Муассисаи давлатии Литсейи касбии махсуси маъюбони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таҳсил мекунад. Ҳоло дар ин даргоҳи касбомӯзӣ бо ихтисоси радиомеханик таҳсил менамояд.

Муҳаммад зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буда, ба мо нақл кард, ки соли 2004 дар оилаи деҳқон ба дунё омадаву пеш аз синфи якум ба нимфалаҷи пойи рост гирифтор шудааст. То синфи 9-ум дар мактаби деҳа таҳсил кардаву бо роҳнамоии аҳли оила муҳассили Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе гардид.

“Ман аз хӯрдӣ усто шудан мехостам ва новобаста ба маъюбиям ин касбро интихоб кардам. Яъне, гуфтаниям, ки касби устои тезевизор ва радиоро барои маъюбиям не, балки барои дӯст доштани ин пеша интихоб кардам.”, — нақл мекунад Муҳаммад.

Қаҳрамони мо дар бораи маъюбияташ фикр намекунад,  балки бо талош ва завқ касб меомӯзад. Ҳоло устои радио ва телевизори замонавӣ аст. Телевизорҳои “муосир”-ро таъмир мекунад. Кӯшиш дорад, ки барои таъмири радиову телевизори мардум фармоиш гирад.

Қаҳрамони мо ният дорад, ки пас аз хатми литсей ба зодгоҳи худ баргардаду дар он ҷо устохонаи хешро боз ва ба мардум хидмат намояд.

Ҳ. ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад