ҲАЁТИ СОЛИМИдигул кунҷи хона рӯзҳоро бо хайётӣ пушти сар мекунад

Идигул кунҷи хона рӯзҳоро бо хайётӣ пушти сар мекунад

-

Идигул Назарова, сокини 30-солаи ҷамоати деҳоти Қизилқаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон  маъюби гурӯҳи якум мебошад. Маъюбияташ модарзодӣ нест. Соли 2018 бар асари беморие аз роҳ рафтан монд. Ҳарчанд волидайнаш барои ба по хезондани духтарашон ба табибони вилоят ва шаҳри Душанбе муроҷиат карданд, вале талошҳояшон натиҷа надод.

Акнун Идигул Назарова кунҷи хонаро ихтиёр кардаасту ба хайётӣ машғул аст. Бо асо ҳам роҳ рафта наметавонад. Аробаи маъюбӣ надорад то ба кӯча барояд ва аз ночорӣ бо ҳунараш худро саргарм месозад.

Агарчи ягона дӯзанда дар деҳаи Сарбанди ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон нест, аммо бонувон ба ӯ муроҷиат мекунанд. Зеро, маҳорати хуби дӯзандагӣ дорад. Ӯ ҳунарашро аз модараш омӯхтааст:

“Курта, болишт, руҷоъ барои гавҳораҳо ва амсоли инҳоро медӯзам. Духтарҳо матоъ меоранд ва мегӯянд, хуб медӯзӣ. Ҳунар доштан хуб.  Ранҷур ҳам бошам, рӯзғорамро худ пайдо мекунам. Муҳтоҷи касе нестам.”,-нақл мекунад Идигул Назарова.

Ин духтар бо вуҷуди доштани имконияти маҳдуд, талош мекунад, ки дар буҷаи оила саҳм гузорад. Зеро, дар оилаи онҳо 6 духтар асту як писар. Идигул дар оила фарзанди дуюм маҳсуб меёбад.

Падари Идигул баъди ба ин ҳол афтодани духтараш руҳафтодаву  дилшикаста гардида, саломатиашро аз даст дод ва дигар тавони кор кардан надорад. Ҳоло ягона ноновари хона бародараш аст.

Чанде аз духтарони деҳа дар назди Идигул Назарова ҳунари дӯзандагиро меомӯзанд. Идигул аз он нафароне, ки ҷисман солим ҳастанд, вале баҳонаи набуди кор мекунанд, нафрат дорад.

“Агар чашм сӯрохии сузанро мебинад ё даст ҳаракат мекунад, кор бояд кард.”,- таъкид мекунад ӯ.

Идигул имкони хариди мошина надошт. Дар ин кор Ҷамъияти маъюбон ба ӯ кумак кард. Ҳоло орзу дорад, ки аробаи маъюбӣ дошта бошад то гоҳе ба берун рафта, ҳавои тоза нафас кашад, гулу дарахтонро бинад.

Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад