ЗАБОНОМӮЗӢНокомӣ, муҳоҷирату савдогарӣ. Зиндагии пуршебу фарози забономӯз

Нокомӣ, муҳоҷирату савдогарӣ. Зиндагии пуршебу фарози забономӯз

-

Аксҳо аз бойгонии қаҳрамон

Саъдӣ Тоирзодаро Instagram машҳур намуд. Ӯ яке аз аввалин забономӯзонест, ки дар фазои маҷозӣ ба ҷавонони тоҷик бо равиши соддаву осон забон меомӯзад. Вале то расидан ба ин марҳала зиндагии пуршебу фарозе дошта, машаққати муҳоҷиратро низ чашидааст, дар бозорҳои Душанбе низ савдогарӣ кардааст.

Саъдиро мардум “акаи Саъдӣ” хитоб мекунанд. Ӯ муаллими забони англисӣ буда, бо усули хос саҳифаашро дар Instagram гардонандагӣ мекунад ва беш аз 80 ҳазор обуначӣ дорад. Ӯ калимаву ибора ва ҷумлаҳои маъмул ва серистеъмоли забони англисиро ба таври содда ба обуначиҳояш мефаҳмонад.

Саъдӣ яке аз блогерони шинохтаи тоҷик аст, ки муҳтавои сегменти тоҷикии Instagram-ро мусбат тағйир дод. Агарчи ин муваффақият осон ба даст наомадааст.

Замони мактабӣ мехост рӯзноманигор шавад, вале муваффақ нашуд. Зеро, ба донишгоҳ натавонист роҳ ёбад. Бинобар ин, дар бозори “Деҳқон”-и пойтахт ба фурӯши сабзавот машғул шуд. Соли баъдӣ тариқи бурсия бо ихтисоси муаллим-тарҷумон ба донишгоҳ роҳ ёфт. Пас аз як соли таҳсил ба муҳоҷират рафт. Чор сол дар муҳоҷират монд. Ду соли аввал бо шаҳрвандони Туркия кор кард, дар ин муддат маҷбур шуд, ки забони туркиро низ омӯзад.

“Дар муҳоҷират азобҳои зиёд кашидам, махсусан замоне, ки бо туркҳо кор мекардам. Мо маҷбур будем, ки забони туркиро омӯзем, зеро, корфармо бо забони русӣ суҳбат намекард. Дар се моҳ забони туркиро омӯхтам ва каме корам осон шуд. Бо вуҷуди сардиҳо Русия маҷбур будам, ки дар ин кишвар монам, кор кунам ва қарзҳоямро баргардонам, модарамро табобат кардам ва пасон омадам.”,-ба ёд овард ӯ.

Пас аз чор соли муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ватан баргашт. Мехост пас аз аёдати волидайн дубора ба Русия равад, вале модар розӣ набуд ва аз Саъдӣ хоҳиш кард, ки таҳсилашро идома диҳад.

Ҳамин тавр, Саъдӣ таҳсилро давом дода, ҳамзамон ба омӯзиши забони англисӣ ҷиддӣ машғул шуд. Ба дарсҳои иловагӣ мерафт, худомӯзӣ мекард…

Саъдӣ бо усули хос видеоҳои омӯзишиашро дар Instagram нашр мекунад. Бархеҳо мегӯянд, чунин корро дар Тоҷиистон аввалин бор Саъдӣ таҷриба кард:

“Аксарият мегӯянд, ки ман оғоз кардаам, вале ман инро дар номи худам навиштанӣ нестам, зеро, ба ин кор чандин муаллим машғул буданд… Дуруст аст, ки ман вақти зиёдамро дар Instagram сарф мекунам, вале бояд бигӯям, ки дар баробари омӯзонидан ё ба саволҳо ҷавоб додан, худ низ меомӯзам.”,- илова кард ӯ.

Instagram Саъдиро машҳур кард ва мардум ӯро шинохтанд. Аз дохилу хориҷи кишвар пешдиҳоди корӣ мегирад.

Ҳоло Саъдӣ бо Беҳрӯз Ҳафизов курси муаллифии хешро бо номи “English 24” муаррифӣ доранд. дар ин курси “онлайн”-ӣ 24 дарси муҳими забони англисӣ ҷойгир шудаааст. Курс барои чор моҳ пешбинӣ шудааст.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
15
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад