Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи омӯзгор ба муаллими фанни забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Қурбонбӣ Шукурова барои фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илмро супурдааст. Қурбонбӣ ҳамон омӯзгорест, ки чанде қабл як хонандаи мактаб дар муроҷиате тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ шиква карда буд, ки беасос ба ӯ баҳои ғайриқаноатбахш гузоштааст. Вазир таъкид намудааст, ки дар шароити рушди муносибатҳои байналмилалӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забони англисӣ, аҳаммияти муҳим дошта, омӯзгоронро зарур аст, бо истифода аз усулҳои муосири таълим барои баланд бардоштани сатҳи забондонии хонандагон ва омода намудани насли рақобатпазир саҳми арзанда гузоранд.
Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
-



