БИЗНЕС-КЛУБApple ба барномаи давлатии Чин оид ба ёронаҳои электроника...

Apple ба барномаи давлатии Чин оид ба ёронаҳои электроника ҳамроҳ шуд

-

Apple ба барномаи давлатии Чин оид ба ёронаҳои электроника ҳамроҳ шуд

Ширкати Apple ба барномаи давлатии Чин оид ба ёронаҳои электроникаи маишӣ ҳамроҳ гардид, то фурӯшро дар пасманзари рақобати шадид аз ҷониби брендҳои маҳаллӣ ва коҳиши талаботи истеъмолӣ тақвият бахшад. Дар ин бора нашрияи South China Morning Post (SCMP) хабар медиҳад.

Дар доираи ин ташаббус, сокинони Пекин ва Шанхай метавонанд маҳсулоти Apple-ро бо тахфиф то 2000 юан  дастрас кунанд. Субсидия ба баъзе моделҳои iPhone, iPad, Apple Watch ва MacBook дахл дорад — танҳо дар ҳолате, ки онҳо аз нуқтаҳои расмии фурӯши ширкат (магазинҳои чакана ва ё мағозаи онлайн) харидорӣ шаванд.

Дар Шанхай ин барнома тавассути ҳашт нуқтаи фурӯши расмӣ дастрас аст, дар ҳоле ки дар Пекин фармоишро танҳо онлайн дода, дар ҳудуди шаҳр дастрас намудан мумкин аст. Барои дастгоҳҳое, ки арзиши то 6000 юан доранд, тахфифи 500 юан дода мешавад. Барои баъзе моделҳои MacBook бошад, имкон аст тахфиф то 2000 юан дода шавад.

То ин вақт, чунин тахфифҳоро асосан фурӯшандагони мустақили интернетӣ пешниҳод мекарданд. Ин бори аввал аст, ки худи Apple бевосита дар чунин барномаи давлатӣ ширкат мекунад. 

Тибқи арзёбии таҳлилгарон, интиқоли iPhone ба Чин соли 2025 эҳтимолан то 1,9% коҳиш ёбад. Дар заминаи суст шудани иқтисодиёт ва рақобати афзоянда аз ҷониби ширкатҳое мисли Huawei, иштирок дар чунин барнома ҳамчун як тадбири стратегӣ барои ҳифзи мавқеи Apple арзёбӣ мегардад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...

Имзои ёддошти тафоҳум байни Хадамоти алоқа ва Huawei барои рушди технологияҳои 5G-A ва 6G

Дар ҳошияи Форуми 5G дар шаҳри Душанбе миёни Хада моти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ваҶДММ "Хуавей Технологии Тоҷикистон" ёддошти...

Пешниҳод ба Нетаняҳу дар ивази афв аз сиёсат дур мешавӣ!

Президенти Исроил Итсҳак Ҳерсог ба сарвазири ин кишвар Бинямин Нетаняҳу созишеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он Нетаняҳу метавонад ду...
spot_imgspot_img

Кӣ беҳтарин хизматчии давлатии зан дар Душанбе шуд?

Дар шаҳри Душанбе ғолибони даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» муайян ва қадрдонӣ...

Тоҷикистон хостори харитаи ягонаи ҳамкориҳои маорифии Осиёи Марказӣ шуд

Тоҷикистон барои солҳои 2027–2030 харитаи роҳи минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи маорифро пешниҳод кард. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад