МУВАФФАҚИЯТПирӯзии Саймумин Мадиев дар Қазоқистон

Пирӯзии Саймумин Мадиев дар Қазоқистон

-

Саймумин Мадиев, варзишгари муҳорибаҳои омехта дар як қувваозмоии шадид дар Алмаато ба рақиби қирғизистониаш Омурбек Қанибеков ғолиб омад.

Дирӯз, 21 декабр дар мусобиқаи Eurasian Fighting Promotion 2022 — OCTAGON 38, ки дар Алмаато ҷараён дорад, Саймумин рақобат намуд. Ҳамчунин аз Тоҷикистон Қамариддин Ҳасанов бо рақиби эронии хеш ва Фарҳод Давлатов бо ҳарифаш аз Узбекистон пирӯз омаданд.

Ин варзишгари ҷавони тоҷик дар се раунди 5-дақиқаӣ пешсаф буд ва бо раъйи ҳамаи доварон ӯ пирӯзи мубориза дониста шуд. Агарчи дар даври сеюм ҳарифаш бо зону зарбаи ғайричашмдошт ба рӯйи Саймумин зада, ӯро дар ҳолати ногуворе гузошт.

Саймумин баъди нашри як видео аз ҷониби мураббии муҳорибаи омехта (MMA) Ризвон Ошурмамадов бо номи «Москва, метрои «Люблино». Мо кор мекунем!» машҳур шуд. Ин мураббӣ тариқи “Тик Ток”-и худ видеоҳои машқро аз толори варзишие, ки дар наздикии истгоҳи метрои Люблино ҷойгир аст, гузошт. Дар видео ҷавонон бо зону ҳаракати хоссе анҷом дода пеш мераванд…

Саймумин Мадиев, варзишгари муҳорибаҳои омехта моҳи июни соли равон аз Маскав ихроҷ шуд. Ӯро барои надоштани қайди расмӣ ихроҷ карданд ва чандест, ки барои ин муҳориба дар Қазоқистон омодагӣ медид.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад