БОЛАз таҳсил то ширкаткушоӣ дар Чин. Беҳрӯз чӣ гуна...

Аз таҳсил то ширкаткушоӣ дар Чин. Беҳрӯз чӣ гуна муваффақ гардид?

-

Ин навбат “Бол” аз парвози Беҳрӯз Сайфиддинов мегӯяд. Ӯ ҳоло дар Ҷумҳурии Халқии Чин қарор дошта, барои тоҷирони тоҷик маҳсулоти лозимиро яклухт ва чакана дастрас намуда мефиристад.

Беҳрӯз пас аз хатми мактаб ба коллеҷи тиббӣ дохил шуда, мехост таҳсилашро дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон давом диҳад, вале муваффақ нашуд. Баъд аз ин, бо роҳнамоии бародараш, ки тарҷумон буд, ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода дохил шуд. Ҳамин тавр, самти интихобкардаашро дигар кард ва дар риштаи тарҷумонӣ ду сол таҳсил кард. Ин муддат дар маркази забономӯзии “Конфутсий” забони чиниро аз худ карда, имконияти таҳсил дар Чинро ба даст овард.

“Ман бурсияи чорсола ба даст оварда, солҳои 2013 — 2017 зинаи бакалаврро дар Чин ба поён расонидам. Маъмурияти донишгоҳ барои идомаи таҳсил дар зинаи аспирантура ташвиқ намуданд ва ман низ рад накарда, дар ин зина таҳсил кардам. Хостам ба Ватан баргардам, аммо дунёро ваҳшати коронавирус фаро гирифт. На аз рӯи ихтисос кор карда мешуду на ба Ватан баргашта метавонистам.  Ба зеҳнам таъсиси ширкати тиҷоратӣ расид, ки ба сифати сохтори миёнарав ба тоҷирони тоҷик молу маҳсулот мефиристад. Ҳоло ба ин кор машғулам.”, — нақл намуд ӯ.

Ҳоло Беҳрӯз тибқи фармоиши тоҷирони тоҷикистонӣ аз Чин молу маҳсулот мефиристад. Яъне, нақши миёнаравро иҷро мекунад.

“Замони таҳсил дар зинаи аспирантура имкон буд, ки дар сафоратхонаи Чин дар Душанбе кор кунам, вале роҳҳо баста шуданд, мо тиҷоратро пеша кардем. Шояд оянда дар Тоҷикистон ҳамчун муаллими забони чинӣ фаъолият кунам.”, — гуфт Беҳрӯз.

Беҳрӯз овозхонӣ низ мекард. Замони донишҷӯиаш дар Тоҷикистон бо роҳнамоии ҳунарманди маъруф Тобиш Ҳилолӣ малакаи овозхонияшро такмил намуда, дар чандин озмун ширкат кардааст.

Беҳрӯз мегӯяд, дар Чин имконот фаровон буда, вобаста ба малакаи дошта мешавад кори муносиб пайдо кард.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
16
+1
8
+1
2
+1
2
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад