ҲАЁТИ СОЛИМ19 август Рӯзи умумиҷаҳонии ёрии башардустона. Биёед, дасти ҳам...

19 август Рӯзи умумиҷаҳонии ёрии башардустона. Биёед, дасти ҳам бигирем!

-

19-уми август Рӯзи умумиҷаҳонии ёрии башардустона аст. Моҳи декабри соли 2008 дар иҷлосияи 63-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул гардид, ки бар асоси он 19-уми август расман Рӯзи ҷаҳонии кумакҳои башардустона эълон гардид. Бояд гуфт, ки ин сана маҳз барои гиромидошти хотираи кормандони соҳаи башардӯстона, ки 19 августи соли 2003 бар асари таркиш дар қароргоҳи СММ дар Бағдод (Ироқ) ҷони худро аз даст дода буданд, интихоб шудааст.  Дар байни онҳо намояндаи вижаи Дабири кулли СММ Серҷио Виейра де Мелло низ ҳузур дошт.

Имрӯз дар ҷаҳон садҳо ташкилоти хайриявӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти ёрии башардустона фаъолият мекунанд. Ҳар сол   дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва задухурдҳои мусаллаҳона миллионҳо нафар азият мекашанд.

Дар ин шароити душвор, кормандони башардӯстона дар саросари ҷаҳон ба одамоне, ки дар минтақаҳои офатзада  қарор доранд,  ё ин ки дар натиҷаи задухуд зарар дидаанд, кeмак мерасонанд. Принсипҳои асосии амали башардӯстона инсондӯстӣ, беғаразӣ, бетарафӣ ва истиқлолият мебошанд: Кӯмак ба ҳамаи онҳое, ки ба дастгирӣ ва офиятбахшӣ ниёз доранд, сарфи назар аз ҷои истиқомат, миллат, табақаи иҷтимоӣ, дин, ҷинс, нажод ва дигар хусусиятҳо расонида мешавад. 

Бо дарназардошти вазъи ногувори сиёсиву иқтисодӣ, хуруҷ намудани ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва паёмадҳои бесобиқаи оафати табиӣ сол то сол теъдоди гуруснагон ва муҳоҷирон меафзояд. Тибқи маълумоти СММ, дар солҳои 2022-2023 шумораи гуруснагон дар ҷаҳон метавонад ба 8-13 миллион нафар афзоиш ёбад. Ҳоло дар 43 давлати дунё наздики 50 миллион нафарро хавфи гуруснагии марговар таҳдид менамояд. Кишварҳое, ки бештар аз норасоии ғизо ранҷ мебаранд, давлатҳои Африқо ва Осиё, аз қабили Яман, Нигерия, Сомалӣ ва Афғонистон мебошанд. Аз ин хотир созмону ташкилотҳои хайриявӣ ва сарватмандони хайрхоҳ ба аҳолии камбизоати ин минтақаҳо кумакҳои башардустона мерасонанд. Коршиносон бар он назаранд, ки дар сурати мавҷуд набудани ташкилотҳои хайриявӣ сатҳи маргу мир дар ҷаҳон бештар мегардад. Зеро, талилҳо нишон медиҳад, ки созмонҳои хайриявӣ бо таъмини манзилҳои истиқоматӣ онҳоеро, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидаанд, аз хатари марг эмин нигоҳ медоранд. Ғайр аз ин, маҷруҳонеро, ки дар пайи задухурдҳои мусаллаҳона ранҷ мебаранд бо табобат фаро мегиранд.

Яке аз бузургтарин ташкилоти хайриявӣ ин Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки он таърихӣ беш аз як асра дорад.  Бояд гуфт, ки Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх як созмони мустақили башардӯстона буда, мақоми махсус дорад. Имрӯз дар 192 кишвари дунё филиали ҷамъиятҳои “Ҳилоли Аҳмар” ва “Салиби сурх” фаъолият дорад. Аз ҷумла дар Тоҷикистон низ.

Котиби генералии Ҷамъияти ҳилои Аҳмари Тоҷикистон Баҳодур Қурбониён мегӯяд, ҳадафи асосии фаъолияти ҷамъияти мазкур ҳифзи ҳаёт ва шаъну шарафи одамоне, ки дар натиҷаи даргириҳои мусаллаҳона ва дигар ҳолатҳои зӯроварӣ зарар дидаанд ва расонидани кумаки башардӯстона ба онҳо, инчунин тарғиби қонуни башардӯстона ва принсипҳои он мебошад.  “Ҷамъияти ҳилои Аҳмари Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ 69 шӯъба ва беш аз 15 000 ихтиёрӣ дорад. Дар соли 2010 Порлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни вижаи “Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон”-ро ба тасвиб расонид ва бо ин васила дорои замонатҳои давлатӣ ва афзалиятҳо будани Ҷамъиятро эътироф кард. Самтҳои калидие, ки Федератсияи байнулмилалӣ дар соли 2011 дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад, аз ҷумла, сиҳҳатӣ ва беҳдоштӣ, мудирияти офатҳо, арзишҳо ва асосҳо ва тақвияти сохтории Ҷамъиятро фаро мегиранд.”,-изҳор дошт Баҳодур Қурбониён.

Баҳруллои М.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад