ҲАЁТИ СОЛИМҶеймс Ҳаррисон- доноре, ки 2 миллион кӯдакро аз марг...

Ҷеймс Ҳаррисон- доноре, ки 2 миллион кӯдакро аз марг наҷот додааст

-

Ҷеймс Ҳаррисон ҳангоми хунсупорӣ. Акс аз манбаъҳои боз

Ҷеймс Ҳаррисон 1173 бор донори хун шуда, зиёда аз ду миллион кӯдакро наҷот додааст. Ӯ соли 2018 дар 81-солагӣ охирин маротиба хун супорид. Дар Австралия пас аз 80-солагӣ донор шудан иҷозат дода намешавад.

Ҷеймс Ҳаррисон тӯли 60 сол донори хун буд ва маъруфтарин иштирокчии барномаи миллии кумак ба модарони дорои резус-фактори манфӣ ва фарзандони онҳо маҳсуб мешавад. Аз плазмаи ӯ тақрибан се миллион воя истеҳсол карданд. Ҷеймс Ҳаррисон аввали моҳи марти соли 2025 вафот кард.

Дар наврасӣ Ҷеймс Ҳаррисон ҷарроҳиро аз сар гузаронд ва ба ӯ хун гузаронидаанд. «Ман ҳатто намедонам, ки аниқ чанд нафари ба ман номаълум ҳаёти маро наҷот доданд.», — ба ёд меорад Ҳаррисон. Пас аз ин, ӯ ба худ ваъда додааст, ки ҳатман худаш хун мебахшад ва ин корро аз  18-солагӣ шурӯъ кардааст.

Дар солҳои 1960-ум табибони Австралия ба ҷустуҷӯи роҳи бартараф кардани фавти баланди кӯдакон дар кишвар ин шурӯъ кардаанд. То соли 1967 дар Австралия ҳамасола ҳазорон кӯдак мефавтиданд.

Табибон ба хулосае омаданд, ки сабаб дар резус-фактори манфӣ — набудани антигени D дар ҳуҷайраҳои хуни баъзе занон аст. Ин метавонад барои занони ҳомила хавф эҷод намояд ва боиси бемории гемолитикии кӯдакон шавад. Ҳатто пеш аз таваллуд ба марги кӯдак сабаб мегаштааст.

Пешгирии беморӣ бо ёрии сӯзандоруҳои иммуноглобулини антирезусӣ имконпазир будааст, ки онҳоро аз плазмаи хуни инсон ҷудо мекунанд. Онҳо ба ҷустуҷӯи донори мувофиқ дар марказҳои хун шурӯъ карданд ва Ҳаррисонро пайдо карданд. Ӯ то ин вақт даҳ сол пайваста хун месупорид. Ба ӯ пешниҳод карданд, ки иштирокчии барномаи таҷрибавӣ шавад  ва ӯ фавран розӣ шудааст.

Аввалин сӯзандоруи иммуноглобулини антирезусӣ, ки аз хуни Ҷеймс Ҳаррисон сохта шудааст, ба зани ҳомиладор дар соли 1967 ворид карда шуд. Ҳамоҳангсози барнома оид ба таҳияи дору Робин Барлоу гуфтааст, ки дар ҳар як ампулаи он, ки дар Австралия истеҳсол шудааст, «ҷузъи Ҷеймс» мавҷуд аст. Ӯ миллионҳо кӯдакро наҷот дод.», — ёдовар шудааст Барлоу…

Ҳаррисон  нақл кардааст, ки дар асл аз сӯзандоруҳо метарсад ва ҳар дафъае, ки аз ӯ хун мегиранд, чашмонашро мепӯшонад. Ҷеймс Ҳаррисон ба Китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун шахсе, ки аз ҳама бештар хун супоридааст, ворид шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад