Без рубрикиApp Store VK-ро ҳазф кард. Русия вокуниш кард

App Store VK-ро ҳазф кард. Русия вокуниш кард

-

Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва иртибототи оммавии Федератсияи Русия аз Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия дархост кардааст, ки масъалаи риоя нашудани қонунгузории Русия аз ҷониби Apple-ро ҳарчи зудтар баррасӣ намояд. Ин вокуниш пас аз ҳазфи барномаҳои VK аз мағозаи барномаҳои App Store баён шудааст.

Дар изҳороти вазорат омадааст: «Бар асоси хулосаҳои гирифташуда, аз ҷумла аз ҷониби ширкатҳои ҳуқуқии амрикоӣ, Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияҳои оммавии Русия тасдиқ мекунад, ки барои бастани барномаҳои VK чунин асосҳо вуҷуд надоранд».

Дар вазорат бар ин назаранд, ки Apple аҳамияти иҷтимоии барномаҳои аз App Store ҳазфшударо нодида мегирад. Ба гуфтаи онҳо, ин барномаҳо барои муошират ва огоҳ кардани шаҳрвандони Русия, аз ҷумла дар бораи хатари ҳолатҳои фавқулода истифода мешаванд.

Мақомоти Русия ин иқдомро «ангезаи сиёсӣ» арзёбӣ намуда, онро ба ҳифзи манфиатҳои платформаҳои хориҷӣ рабт медиҳанд.

Пештар худи ширкати VK дар бораи ҳазфи барномаҳои худ аз App Store хабар дода буд. Ба рӯйхати барномаҳои хориҷшуда, илова бар шабакаи иҷтимоии VK, инчунин Дзен, VK Video, VK Мессенджер, VK Music, VK Знакомства ва Одноклассники дохил шудаанд.

Аввали моҳи июн аз App Store инчунин паёмрасони Макс хориҷ шуда буд. Ин барнома ҳамоно дар дигар мағозаҳои барномаҳо, аз ҷумла RuStore, Google Play, Huawei AppGallery ва дигар платформаҳо дастрас аст.

Вазорати рушди рақамии Русия изҳор доштааст, ки барои бозгардондани паёмрасони «Макс» ба App Store бо Apple музокиротро оғоз кардааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад