БОЛАз таҳсил то ширкаткушоӣ дар Чин. Беҳрӯз чӣ гуна...

Аз таҳсил то ширкаткушоӣ дар Чин. Беҳрӯз чӣ гуна муваффақ гардид?

-

Ин навбат “Бол” аз парвози Беҳрӯз Сайфиддинов мегӯяд. Ӯ ҳоло дар Ҷумҳурии Халқии Чин қарор дошта, барои тоҷирони тоҷик маҳсулоти лозимиро яклухт ва чакана дастрас намуда мефиристад.

Беҳрӯз пас аз хатми мактаб ба коллеҷи тиббӣ дохил шуда, мехост таҳсилашро дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон давом диҳад, вале муваффақ нашуд. Баъд аз ин, бо роҳнамоии бародараш, ки тарҷумон буд, ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода дохил шуд. Ҳамин тавр, самти интихобкардаашро дигар кард ва дар риштаи тарҷумонӣ ду сол таҳсил кард. Ин муддат дар маркази забономӯзии “Конфутсий” забони чиниро аз худ карда, имконияти таҳсил дар Чинро ба даст овард.

“Ман бурсияи чорсола ба даст оварда, солҳои 2013 2017 зинаи бакалаврро дар Чин ба поён расонидам. Маъмурияти донишгоҳ барои идомаи таҳсил дар зинаи аспирантура ташвиқ намуданд ва ман низ рад накарда, дар ин зина таҳсил кардам. Хостам ба Ватан баргардам, аммо дунёро ваҳшати коронавирус фаро гирифт. На аз рӯи ихтисос кор карда мешуду на ба Ватан баргашта метавонистам.  Ба зеҳнам таъсиси ширкати тиҷоратӣ расид, ки ба сифати сохтори миёнарав ба тоҷирони тоҷик молу маҳсулот мефиристад. Ҳоло ба ин кор машғулам.”, — нақл намуд ӯ.

Ҳоло Беҳрӯз тибқи фармоиши тоҷирони тоҷикистонӣ аз Чин молу маҳсулот мефиристад. Яъне, нақши миёнаравро иҷро мекунад.

“Замони таҳсил дар зинаи аспирантура имкон буд, ки дар сафоратхонаи Чин дар Душанбе кор кунам, вале роҳҳо баста шуданд, мо тиҷоратро пеша кардем. Шояд оянда дар Тоҷикистон ҳамчун муаллими забони чинӣ фаъолият кунам.”, — гуфт Беҳрӯз.

Беҳрӯз овозхонӣ низ мекард. Замони донишҷӯиаш дар Тоҷикистон бо роҳнамоии ҳунарманди маъруф Тобиш Ҳилолӣ малакаи овозхонияшро такмил намуда, дар чандин озмун ширкат кардааст.

Беҳрӯз мегӯяд, дар Чин имконот фаровон буда, вобаста ба малакаи дошта мешавад кори муносиб пайдо кард.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
16
+1
8
+1
2
+1
2
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...

Нашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони олмонӣ

Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин кор ба ифтихори...

Душанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон эълон мекунад, ки 5 сентябр дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе...
spot_imgspot_img

Тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро...

Якдоларӣ бо тасвири Трамп

Сиккахонаи Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки тангаи 1-доллараии соли 2026 бо тасвири президенти ИМА Доналд Трамп аз дирӯз, соати...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад