ВАРЗИШ7 медали ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ

7 медали ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ

-

Дирӯз 16-уми август, ду рӯз қабл аз анҷоми 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷудо 3 медал – 1 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Акнун шумораи медалҳои ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 7 адад расид.

Медали нуқраро паҳлавони маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг сазовор шуд. 

Медалҳои биринҷиро Шодмон Ризоев дар вазни -81кг ва Абубакри Акобир дар вазни -100кг ба даст оварданд.

Шодмон дар даври дуюм намояндаи Тунис Ҳачем Селамми, дар чорякфинал ҷудочии овозадори ӯзбек Шарофиддин Болтабоевро шикаст дода, ба нимфинал баромад. Дар ин давр Шодмон аз намояндаи АМА Нугзари Туталашвилӣ мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари қирғиз Асад Масабировро мағлуб кард.

Абубакр ҳам дар даври аввал озод буд ва дар чорякфинал бар намояндаи Қазоқистон Ислом Бозбоев пирӯз шуда, ба даври нимфинал баромад. Вале дар ин давр аз варзишгари Узбекистон Музаффарбек Турабоев мағлуб шуд ва барои ба даст овардани медали биринҷӣ варзишгари покистонӣ Қайсар Хонро мағлуб кард.

Қаблан дар варзиши сабук варзишгари мо Илдар Аҳмадиев, дар пара-тенниси рӯи миз Екатерина Ишенко медали нуқра ва дар гуштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Бозиҳо фардо, 18-уми август анҷом меёбад. Варзишгарони мо дар намуди каратэ мусобиқаро идома медиҳанд.

Тоҷикистон бо 3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 27-ум аст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад