БИЗНЕС-КЛУБ15 ҳуқуқи муаллиф

15 ҳуқуқи муаллиф

-

Санаи 23 апрел — Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллиф  аст. Соли 1995 дар Конфронси генералии ЮНЕСКО (Париж) дар баробари чанд мавзӯъ ба масоили ҳуқуқи муаллиф дахл шуда,  қарор қабул гардид, ки 23 апрел ба хотири эҳтиром ба муаллифон ва маҳсули эҷодии онҳо Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллиф эълон шавад…

Бо истифода аз фурсат дар ин матлаб шарҳ медиҳем, ки ҳуқуқи муаллифро қонунгузории Тоҷикистон чӣ гуна танзим ва ҳифз менамояд.

Барои танзими ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябри соли 1998 қонуни алоҳидаеро бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” қабул намудааст. Мувофиқи ин қонун “Муаллиф — шахси воқеие, ки асар дар натиҷаи меҳнати эҷодии ӯ  офарида шудааст.”

Асосан муаллиф бо воситаи нишонаи “©” муайян карда мешавад ва дар паҳлӯи ҳамин аломат ном ва насаби худро менависад. Инчунин санаи аввали нашри мавод нишон дода мешавад.

Барои исботи онки ту муаллиф ҳастӣ, зарур нест, ки ба ягон мақомот расман ба қайд гирифт ё ӣа шакле аз расмиёт гузашт. Ба Шумо тавсия медиҳем, ки аломати “©”-ро қабл аз ному насаб ва санаи нашр нависед. Бо ҳамин содагӣ Шумо муаллиф ҳисобида мешавед.

Дар ин сурат ҳамчун муаллиф аз имкониятҳои қонунгузорӣ фаровон истифода бурда метавонед.

Ҳуқуқҳои муаллифро қонунгузории соҳавии Тоҷикистон ба ду гуруҳ ҷудо мекунад: 1) Ҳуқуқи шахсии ғайримолумулкии муаллифон; 2) Ҳуқуқи молумулкии муаллиф.

Барои асари муаллиф чунин ҳуқуқи шахсии ғайримолумулкӣ дода мешавад:

Якум. Ҳуқуқи эътирофи муаллифият ба асари офаридашуда ё ба таври дигар ҳуқуқи муаллифӣ.

Дуюм. Ҳуқуқи истифода ё иҷозати истифодаи асар бо номи ҳақиқии муаллиф, тахаллуси ӯ ва ё бе зикри ном, яъне, беимзо (ҳуқуқи ном).

Сеюм. Ҳуқуқи ҳифзи асар, аз ҷумла унвони он аз ҳар гуна таҳрифкорӣ ва дигар навъи дахолат, ки метавонад ба номус ва шаъни муаллиф зарар расонад (ҳуқуқи ҳифзи эътибори муаллиф).

Чорум. Ҳуқуқи дахлнопазирии асар.

Панҷум. Ҳуқуқи интишор ё иҷозати интишори асар дар ҳар шакл (ҳуқуқи интишор), аз ҷумла ҳуқуқи бозхонд. Оид ба бозхонд се шарти дар поён бударо бояд иҷро кард: 1) ба истифодабаранда ҳама гуна зарари дар натиҷаи чунин қарор бамиёномадаро ҷуброн намояд; 2) агар асар аллакай нашр шуда бошад, муаллиф бояд дар бораи бозхонди он ошкор эълон намояд; 3) аз ҳисоби худ нусхаҳои дар муомилотбудаи асари худро харида гирад.

Бояд гуфт, ки ин ҳуқуқҳо, яъне, ҳуқуқи шахсии ғайримолумулкии муаллиф ба ӯ, новобаста аз ҳуқуқи молумулкӣ (дар поён номбар мекунем) тааллуқ дорад ва дар ҳолати таҳвили ҳуқуқи комили истифодаи асар нигоҳ дошта мешавад.

Муллиф ҳуқуқҳои молумулкӣ дорад, ки мувофиқи онҳо амалҳои зеринро иҷро менамояд ва ё ба иҷрои онҳо иҷозат медиҳад:

Шашум. Таҷдиди асар (ҳуқуқи таҷдид).

Ҳафтум. Паҳн кардани нусхаҳои асар бо ҳар тарз: фурӯхтан, ба кироя додан ва ғ.

Ҳаштум. Ворид кардани нусхаҳои асар бо мақсади паҳнкунӣ, аз ҷумла нусхаҳое, ки бо иҷозати соҳиби ҳуқуқи комил таҳия шудаанд.

Нуҳум. Намоиши оммавии асар. Яъне, ба намоиши оммавӣ гузоштани асар.

Даҳум. Иҷрои оммавии асар, яъне, ҳуқуқи иҷрои оммавӣ.

Ёздаҳум. Ба омма дастрас кардани асар (аз ҷумла намоиш додан, иҷро ё ба эфир додан) ба воситаи пахши эфири ва (ё) пахши минбаъдаи эфири (ҳуқуқи пахши эфири).

Дувоздаҳум. Ба омма дастрас кардани асар (аз ҷумла намоиш додан, иҷро ё ба эфир додан) ба воситаи кабел ё тавассути дастгоҳҳои дигари ба он монанд.

Сездаҳум. Тарҷума кардани асар.

Чордаҳум. Таҷдиди коркард, аранжировка ва ё навъи дигари коркард.

Понздаҳум. Ба маълумоти умум расонидани асар барои истифодаи интерактивӣ (ҳуқуқи ба маълумоти умум расонидан).

Инчунин муаллиф дигар ҳуқуқҳоро низ дошта метавонад, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намуда бошад. Ҳуқуқҳое, ки мо дар боло қайд намудем, танҳо ҳамон ҳуқуқҳое буд, ки дар қонунгузории соҳавӣ кафолат дода шудаанд.

Барои вайронкунандагони ҳуқуқи муаллиф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Ҳангоми вайрон шудани ҳуқуқи муаллиф ӯ метавонад ба суд муроҷиат намояд.

Фахриддин Фузайлов
ҳуқуқшинос

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад