Имрӯз, 18 август иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ таҷлил мешавад. Ба ин муносибат бо Баргигул Баротова, муовини менеҷери КАТС оид ба ҳифзии сиҳатии модару кӯдак ва танзими оилаи шаҳри Бохтар суҳбате анҷом дода, атрофи кору фаъолияташ ва вазъи КАТС-и ин шаҳри пурсон шудем, ки фишурдаи он пешниҳоди Шумо мегардад.
-Бохтар яке аз шаҳрҳои бузурги вилояти Хатлон маҳсуб меёбад ва аҳолии он беш аз 130 ҳазорро ташкил медиҳад. Имрӯз дар маркази саломатии шаҳри Бохтар ҳолати расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
-Бале, шаҳр калон буда, беш аз 130 ҳазор аҳолӣ дорад. Дар Муассисаи КАТС-и шаҳри Бохтар хизматрасонӣ аз рӯйи стандартҳо ба роҳ монда шуда, тибқи принсипҳои тибби оилавӣ пеш бурда мешавад. Дар муассисаи мазкур бештари табибон ва ҳамшираҳо дараҷаи олии тахасуссӣ доранд. Ҳоло дар муассисаҳои олии тиббӣ ҷумҳурӣ ва хориҷ, ҷавонони шаҳр таҳсил мекунанд, ки дар оянда аз лиҳози табибон бо таҷриба танқисӣ нахоҳем кашид. Инчунин муассисаҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз буда, мутахассисони дараҷаи олӣ ба беморон хизматрасонӣ мекунанд. Мафҳуми кумаки тиббӣ — тадбирҳои пешгирию ташхиси бемориҳо, заҳролудшавӣ, ҷароҳат, табобат ва барқарорсозии саломатии беморон, назорати ҳомиладорӣ, кумаки момодоягӣ ҳангоми таваллуд ва назорати давраи баъди таваллуд мебошад. Вобаста ба намуд кумаки тиббӣ ба то табибӣ, аввалияи тиббию санитарӣ, тахассусии тиббӣ, махсусгардонидашудаи тиббӣ, баландихтисоси тиббӣ ва тиббию иҷтимоӣ ҷудо мешавад.
Мақсади асосии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ пешгирии бемориҳо мебошад. Бо итминон метавон гуфт, ки сатҳу сифати кумаки аввалияи тиббию санитарӣ боз ҳам мегардад.
-Вазъияти таъминот бо таҷҳизоти тиббӣ чӣ гуна аст?
-Дар давоми сол бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Муассисаи КАТС — и шаҳри Бохтар зиёда аз 10 адад таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири тиббӣ дастрас карда шуд, ки дар натиҷа сатҳ ва сифати хизматрасонии тибби дар муассисаи мазкур боз ҳам беҳтар гардид.
Пештар муассиса аз лиҳози таҷҳизотҳои тиббӣ танқисӣ дошт. Махсусан, рентгени рақамӣ сифати хуб надошт ва кор бо ин таҷҳизоти муҳим барои мо хеле мушкил буд. Зеро, ин таҷҳизот қаблан фарсуда буда, дар як моҳ қариб се бор таъмир карда мешуд.
Бинобар ин, барои гузаронидани санҷиши эхои дил, беморонро ба шаҳри Душанбе равона мекардем.
Хушбахтона, имрӯз бо ин таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин ҳастем. Инчунин дар назди КАТС муассисаи хусусии “Акси Шифо” фаъолият намуда, кумакрасони мо маҳсуб мешавад.
-Барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти тибби оилавӣ чӣ бояд кард?
-Тибби оилавӣ дар беҳдошти сиҳатии мардум нақши муҳим мебозад ва табибони оилавӣ ҳамрозу ҳамнавои қалби мардум мебошанд.
Умед аст, ки оянда сафи мутахассисони тибби оилавӣ меафзояд ва ин падида ҳам барои рафъи мушкили норасоии кадрҳои соҳа ва ҳам барои дастрасии сокинон ба намудҳои хизматрасонии тиббию санитарӣ дар минтақаҳо, бахусус, минтақаҳои дурдаст мусоидат мекунад. Давлат ва Ҳукумати мамлакат солҳои охир аз ҷониби худ ба таълиму тарбияи кадрҳои соҳаи тиб, ҳалли масъалаҳои соҳаи тандурустӣ ва умуман рушди тиб таваҷҷӯҳ ва афзалияти махсус медиҳад. Зеро, ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мо мебошад.
Алҳол дар ҷумҳурӣ мутахассисони тибби оилавӣ ба аҳолӣ хизмати тиббию санитарӣ мерасонанд, ки фаъолияти онҳо дар маҷмӯъ барои пешгирии бемориҳо, ташхис, табобат ва барқарорсозии саломатии аҳолӣ нигаронида шудаанд. Ҳамшираҳои тиббии оилавии ботахассус бояд аз донишҳои заруриро дар ҳама соҳоти тандурустӣ дошта бошанд. Бо роҳи ошкорсозии бармаҳали ҳолатҳои алоҳидаи беморӣ онҳо метавонанд барои ҳалли тамоми муаммоҳои бо солимии аъзои оила алоқамандбуда, дар марҳилаҳои ибтидоӣ кумак расонанд.
Бубинед, алҳол ба 600 нафар 1 ҳамшираи тиббӣ ва ба 1200 нафар як духтури тибби оилавӣ вобаста карда шудааст. Табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ бо шароити зист ва ҳамаи аъзои хонаводаи вобаста будаашон, аз кӯдаки навзод то пири он шинос ҳастанд, кадом касалӣ доштанашонро медонанд. Азбаски аз ҳамаи соҳаҳои тиб дар курсҳои такмили ихтисоси тибби оилавӣ огаҳӣ пайдо кардаанд, метавонанд бевосита кумаки аввалия расонанд, дар сурати вазнин будани аҳволи бемор онро ба қабули духтурони соҳавӣ мефиристонанд.
-Омили аслии гурези бархе аз ваксинагирӣ дар шаҳр чист?
-Пандемияи коронавируси COVID-19 беш аз ду сол аст, ки дар тамоми ҷаҳон паҳн гардида, то имрӯз гирифтони он хеле зиёд мебошад. Баҳри пешгирӣ аз ин вирус табибон дар ҳама самтҳо хизматрасонӣ мекунанд. Вале ҳангоми гузаронидани ваксина ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешавем. Бештари онҳо аз тарс аз гузаронидани ваксина даст мекашанд. Дар ибтидо теъдоди нафароне, ки намехостанд ваксина гиранд, беш аз 1500 нафарро ташкил медод. Аммо мо табибон бо усули хона ба хона бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидем. Дар натиҷа, андешаи мардум иваз шуда, барои гузаронидани ваксина розигӣ намуданд. Ҳоло бошад теъдоди зикргардида ба 400 нафар расид. То имрӯз мо се марҳилаи ваксинаи зидди коронавирусро гузаронидем. Бо итминон метавон гуфт, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва бо мардум аз наздик суҳбату вохурӣ намудан ин мушкилотро аз байн мебарад.
-Бо пеш рафтани техналогия таваҷҷуҳи беморон ба машварати онлайнӣ афзудааст? Оё чунин навъи хизматрасоонӣ дар маркази шумо вуҷуд дорад?
-Дар Муассисаи КАТС-и шаҳри Бохтар навъи хизматрасонии онлайнӣ бо беморон вуҷуд надорад. То имрӯз аз ҷониби ягон бемор тариқи онлайн муроҷиат нашудааст. Агар ин навъи хизматрасонӣ роҳандозӣ гардад, ба манфиат буда, кори табибонро низ осон менамояд.
-Дар ҳудуди вилояти Хатлон нарасидани равонпизишк, махсусан равонпизишки кӯдак яке аз мушкилоти назаррас ба ҳисоб меравад. Барои ҳалли ин мушкилот чӣ бояд кард?
-Дар ҳар ҳама давру замон нақши равонпизишк дар ҷомеа муҳим буд ва ҳаст. Воқеан дар ҳудуди вилояти Хатлон махсусан шаҳри Бохтар норасоии равонпизишк эҳсос мешавад. Дар Муассисаи КАТС ҳоло як равонпизишки кӯдакона фаъолият мекунад. Вале ин барои як шаҳри калон кофӣ нест. Муассиса ба равонпизишкон ниёз дорад.
Барои ҳалли ин мушкилот пеш аз ҳама ҷалби ҷавонони донишманд ба ин соҳа бештар бояд шавад ва онҳо дар ҳатман муассисаҳои олӣ таҳсил намуда, ҳамчун мутахассис дар беморхонаҳои кишвар ба фаъолият бояд пардозанд.
-Таманниёти шумо ба муносибати рӯзи касбии табибон.
-Бо истифода аз фурсат тамоми табибони руйи оламро ба муносибати иди касбӣ табрику таҳният гуфта, баҳрашон рӯзгори осуда ва саломатии бардавомро таманно мекунам. Орзу мекунем, ки дар кишвари соҳибистиқлоламон боз ҳам беморхонаҳои замонавӣ бунёд ёфта, табибони содиқ ба мардуми кишвар хизматрасонӣ намоянд.
Мусоҳиб: Наҷибулло Валиев