МУВАФФАҚИЯТiCode: имконият барои духтарон дар соҳаи IT

iCode: имконият барои духтарон дар соҳаи IT

-

Иштирокчиёни барнома

iCode лоиҳаи иҷтимоӣ барои омӯзиши занон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ буда, ҳадафи лоиҳа аз байн бурдани нобаробарии гендерӣ тавассути ташвиқ ва дастгирии занон ва духтаронест, ки мехоҳанд роҳи худро дар соҳаи IT боз кунанд.

Соли сеюм аст, ки барномаи iCode ба занон ва духтарон имконият медиҳад то тахассусҳои муҳими IT-ро ройгон омӯзанд. Дар ин давра зиёда аз 100 нафар шогирдон ин барномаро хатм кардаанд.
Имсол барнома боз ҳам бештар имкониятҳо фароҳам меорад ва дар як вақт чаҳор курсро оғоз мекунад: тарроҳии UX/UI, санҷиши QA, таҳияи iOS ва  идораи лоихахои IT. Дар тӯли се моҳ занон аз мутахассисони дараҷаи аввал илму малака меомӯзанд ва то анҷоми барнома онҳо бар рӯи як лоиҳаи ниҳоӣ кор мекунанд, ки дар он метавонанд малакаҳои гирифтаашонро  амалӣ намоянд.

Лоиҳа аз ҷониби American Space Dushanbe тарҳрезӣ ва амалӣ шуда бо хамкорӣ бо Хумолаб, Илмхона ва Алиф Академия амалӣ мегардад.

Сабти ном барои барномаи iCode 2025 аллакай оғоз шуд. Он барои духтарон ва заноне, ки мехоҳанд ба ҷаҳони IT ғутта зананд ва дар ин соҳа мавқеъ пайдо кунанд пешбинӣ шудааст.

● Се моҳи омӯзиши интенсивӣ дар таҳияи iOS, санҷиши QA, тарроҳии UX/UI ва идораи лоиҳаҳои IT.
● Таҳияи лоиҳаи худ пас аз анҷоми омӯзиш.
● Маърӯзаҳои муфид оид ба малакаҳои нарм.
●Пайдо кардани кор барои хатмкунандагони муваффақтарини барнома пас аз анҷоми барнома.
Киҳо метавонанд иштирок кунанд?
● Занони синнашон аз 18 боло, ки ба карераи IT манфиатдоранд.
Барои иштирок кардан, лозим аст:
● Яке аз чор курсро интихоб кунед.
● Шакли сабти номро пур кунед.
● Даъватнома барои мусоҳиба аз ташкилотчиёнро интизор шавед.
📍 Курсҳо дар маркази Душанбе ройгон баргузор мегарданд. 

📅 Сабти ном то 15 август.
Сомона барои сабти ном: https://forms.gle/9Eu8Ed45q7PUkLD66
Имконияти худро аз даст надиҳед! Ба iCode ҳамроҳ шавед ва қисми ояндаи IT шавед!

Барои маълумоти муфассал шумо метавонед ба American Space Dushanbe бо рақами 987600221 муроҷиат кунед ё ба онҳо дар Instagram @americanspacedushanbe нависед.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад