БОЛИскандар чаро аз шароити синфхонаҳо ва муносибати устодони Ҳинд...

Искандар чаро аз шароити синфхонаҳо ва муносибати устодони Ҳинд розӣ нест?

-

Искандар аз тарафи рост

Ин навбат меҳмони барномаи “Бол” Искандар Хоҷазода, магистранти риштаи сиёсатшиносии яке аз донишгоҳҳои Ҳиндустон аст. Мо бо ӯ доир ба бурсияи дастраскардааш, сифати таълим, умумият ва тафовути таҳсил дар Тоҷикистону Ҳинд ва нақшаҳои ояндааш суҳбат пурсидем.

Искандар хатмкардаи риштаи забоншинос-тарҷумони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  буда, як сол дар ин донишгоҳ ба донишҷӯён дарс гуфтааст.

“Магистранти донишгоҳ будам ва дарс мегуфтам. Ман имкон пайдо кардам, ки дар шаҳри Гуанҷоуи Хитой таҳсил кунам. Ҳатто бо боғчае шартнома бастем, ки дар баробари таҳсил, ба кӯдакон забони англисӣ меомӯзонам, вале бемори ҳамагири COVID-19 сар заду рафтанам лағв гардид. Баъдтар имкон шуд, ки зинаи магистратураро бо бурсияи махсус дар Ҳиндустон ба даст орам ва ин кишвар оям.”, — нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Искандар бо ҳамсабақонаш

Бурсияи ба дастовардааш имкон медиҳад, ки ду сол таҳсилу хобгоҳи ройгон дошта, ҳар моҳ 280 доллар идрорпулӣ гирад. 

“Масъалаи муносибати мардум, устодон ва ҳамкурсон хуб аст, вале бояд бигӯям, ки сифати таълими худамон беҳтар аст. Дар мо синфхонаҳоямон бо тамоми лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буданд, вале ин ҷо чунин нест. Устодон омада лексияро мехонанду мераванд, мисли устодони тоҷик раҳмдилу дилсӯзу роҳнамо нестанд, вале дар масъалаи имтиҳонот хеле сахтгиранд. Имтҳонҳои мо шифоҳӣ мегузаранд ва ба ҳар як савол то 4-5 саҳифа ҷавоб менависем.”, — илова кард Искандар.

Искандар яке аз фаъолони донишгоҳ маҳсуб меёбад. Ӯ пас аз хатми магистратура ба Ватан бармегардад ва ба кори донишгоҳаш идома медиҳад.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад