БИЗНЕС-КЛУБ"Занҷири худкор"-и Икром Қурбонов мушкили ронандагонро дар зимистон осон...

«Занҷири худкор»-и Икром Қурбонов мушкили ронандагонро дар зимистон осон мекунад

-

Икром Қурбонов як ҷавони 19-солаи тоҷик занҷири худкореро ихтироъ кардааст, ки ронандагон фасли зимистон дар роҳ ба сӯйи Бадахшон, Хуҷанд Лахш ва дигар навоҳии кӯҳӣ аз мошин поён нашуда, бо пахши як тугма онро ба кор меандозанду ин занҷири худкор чархро иҳота мекунад.

Икром донишҷӯи соли дуввуми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ аст. Ӯ аз 10 – солагӣ бо истифода аз оҳанпора ҳар гуна дастгоҳу таҷҳизоти кӯчак месохт ва ҳамеша орзу мекард, ки онҳо оянда мушкили касеро осон кунанд. Аввалин устоди Икром бобояш Искандар мебошад. Бобояш ҳамеша Икромро “ихтироъкор” садо мекард. 

Икром беш аз 50 дастгоҳу таҷҳизот сохтааст, ки аксари онро дар оила истифода мекунанд. Муҳимтарин ихтирои Икром -“занҷири худкор” ё  “автошип” аст.

“Идеяи сохтани чунин дастгоҳ ҳанӯз аз синфи даҳумӣ дар зеҳнам пайдо гардида буд ва акнун бо кумаки устодам Баҳриддин Қурбонов занҷири худкорро омода кардем ва дар нақша дорем, ки бо даст додани имконият истеҳсоли онро ба роҳ монем.”, — илова кард Икром.  

Дастгоҳи сохтаи Икром, яъне, “автошип” дар фасли зимистон кори ронандагонро осон мегардонад.

“Вақте роҳҳо ях мебанданд ё пур аз барфанд, ронандагон маҷбур мешаванд, ки барои идомаи ҳаракат чархҳои нақлиёташонро занҷирпеч кунанд. Ин кор вақт ва заҳмат мехоҳад. Дастгоҳи мо барои осон кардани мушкили ронандагон пешбинӣ шудааст.”,-мегӯяд Икром Қурбонов.

Икром Қурбонов иштирокчии чандин озмуну олимпиадаҳо буда, мақомҳои ифтихориро соҳиб шудааст. Аз ҷумла, ӯ иштирокчии озмуни ҷумуҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” мебошад. Икром нақша дорад, ки дар оянда бо таъсис додани корхонаи истеҳсолӣ идеяҳои худро дар соҳаи мошисозӣ амалӣ намояд.

Баҳруллои М.  

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
17
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад