МУВАФФАҚИЯТМарказҳои омӯзиши дӯзандагӣ дар Кӯлобу Данғара

Марказҳои омӯзиши дӯзандагӣ дар Кӯлобу Данғара

-

Донишҷӯёни соҳаи мӯду дӯзандагӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара мавсими нави таҳсилро бо дастрасӣ ба ду Маркази нави таълимӣ-омӯзишӣ оид ба дӯзандагӣ оғоз хоҳанд кард.

Вилояти Хатлон сернуфустарин минтақаи Тоҷикистон ва хонаи сеяки аҳолии кишвар аст. Соҳаи кишоварзӣ, махсусан, пахтапарварӣ дар минтақа рушд кардааст ва барои соҳаи саноат имкониятҳои хуб дар минтақа вуҷуд дорад. Соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ба занону ҷавонони маҳаллӣ барои дарёфти кору даромади беҳтар имконият фароҳам меорад.

Марказҳои таълимӣ–омӯзишӣ оид ба дӯзандагӣ холигӣ миёни бахши хусусӣ ва муассисаҳои таълимиро пур мекунанд. Ин марказҳо дар самти ба роҳ мондани ҳамкории беҳтару қавитар миёни соҳа ва муассисаҳои таълимӣ ва тарбияи кадрҳои лозима барои соҳаи дӯзандагӣ нақши муҳимро мебозанд.  

Феълан, дар Донишгоҳи давлатии Данғара тақрибан 900 донишҷӯ ва дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб наздик ба 300 донишҷӯ мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати бофандагӣ, ресидани нахи табиӣ, коркарди аввалия ва ресидани тору пуд, технологияи корхонаҳои дӯзандагию нассоҷӣ, бофандагии бадеӣ, моделиронии костюм, дизайн ва ҳунарҳои дигари соҳаро меомӯзанд.

Марказҳои мазкур бо мусоидати Маркази тиҷорати байналмилалӣ ва дар назди Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб  ва Донишгоҳи давлатии Данғара муҷаҳҳаз ва боз шудаанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад