МУВАФФАҚИЯТАбубакри 9-сола чӣ гуна устои мошин шуд?

Абубакри 9-сола чӣ гуна устои мошин шуд?

-

Абубакр Назаров 9-сола буда, аллакай устои мошин аст. Падараш аввали имсол аз муҳоҷират баргашт ва ба таъмири мошинҳо пардохт. Абубакр ҳамарӯза ба коргоҳи падар омада, ба падар ёрӣ медоду ҳам ба корҳои ӯ зеҳн.

“Ман то соли 2013 дар Русия ронандаи таксӣ будам. Ҳамон сол назди устои мошинам рафта хоҳиш кардам, ки ба ман ин касбро омӯзонад. Ҳамин тавр, 1 сол шогирд истода ин корро омӯхтам. Аввали соли ҷорӣ ба Ватан баргашта тасмим гирифтам, ки корамро дар Ватан идома диҳам. Аз рӯзҳои аввал Абубакр бо ман дар ин устохона мошинҳои муштариёнро таъмир мекунад.”, — мегӯяд Хуршед Назаров.

То чанд моҳи пеш Абубакр саргарми дарсу бозиҳои кӯдаконааш буд. Акнун таътили тобистона дар устохонаи падараш ба таъмири мошинҳо машғул аст.

Абубакр ҳоло чароғҳо, “стартер”, “генератор” ва чанд бахши дигари мошинҳоро хуб мефаҳмад ва таъмир мекунад.

“Гоҳо муштариён меоянду бе ҳузури ман Абубакр мошини онҳоро таъмиру ҳисобӣ карда, ҷавоб медиҳад. Вале аксар вақт ба муроҷиати муштариён худам расидагӣ мекунам. Агар донам, ки писарам аз ӯҳдаи кор мебарояд, корро вогузор менамоям.”, — илова кард Падари Абубакр.

Ба гуфтаи падараш, Абубакр аз хурдӣ ба ин кор шавқи зиёд дошт ва ҳамеша дар таъмири мошинҳои аҳли оила кумак мерасонид.

Ба қавли Хуршед Назаров, Абубакр дар мактаб бо баҳои хубу аъло мехонад ва новобаста аз он ки пас аз хатми мактаби миёна кадом касбро интихоб мекунад, таъмиргари мошин касби иловагияш хоҳад буд.

Абубакр то чанд моҳи дигар соҳиби компютери мошин мешавад ва назди устое шигирд истода, ин соҳаро хуб аз худ карданист то тариқи компютери махсус “дард”-и мошинро зуд дарк намуда, онро рафъ намояд.

Ҳ. Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад