МУВАФФАҚИЯТАз чеҳранигорӣ то расмкашӣ дар девор

Аз чеҳранигорӣ то расмкашӣ дар девор

-

Некрӯзи Сайфулло

Некрӯзи Сайфулло бештар чеҳранигорӣ мекунад. Тасвири шахсиятҳои машҳур ва нашри онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ӯ маҳбубият овардаанд. Некрӯз чеҳраҳоеро тасвир менамояд, ки барояш ҷолиб ҳастанд. Яке аз ин нафарон марҳум Сайф Раҳмизоди Афардӣ маҳсуб мешавад ва то кунун ҳудуди 20 акси Афардиро тасвир кардааст.

Некрӯз ҳангоми наврасӣ дар рӯзномае зиндагиномаи Сайф Раҳмизоди Афардиро мутолиа намуда, аз он замон таваҷҷӯҳаш ба навиштаҳои Афардӣ зиёд мегардад. То ҳол аз асарҳову филмҳои ӯ илҳом мегирад.

Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати тасвири ва дизайни Тоҷикистон аст. Ба ғайр аз чеҳранигорӣ, китобҳоро мусаввар менамояд в то кунун анқариб тасвирҳои 15 китобро таҳия кардааст. Муаллифони китоб матни онро ба Некрӯз пешниҳод мекунанд. Некрӯз баъд аз мутолиа вобаста ба мазмуну мӯҳтавои асар расмҳои мухталиф тасвир мекунад ва баъдан ин расмҳо дар китоб ҷой дода мешаванд.

Сайф Раҳмизоди Афардӣ бо қалами Некрӯз

Фориғ аз ин корҳо ҳамчунин дар деворҳо низ наққошӣ менамояд. Бузургтарин кори девориашро дар чойхонаи “Сайёҳон”-и ноҳияи Восеъ анҷом додааст. Вале манбаи асосии даромадаш аз ҳисоби чеҳранигорӣ аст. Ҳамрӯза дархостҳои мухталиф мегирад. Тасвирҳои хурд 50 — 100 сомонӣ арзиш дошта, барои ин корҳои кучак маъмулан ду се соати худро сарф мекунад, вале тасвирҳои бузргтар вақти бештарро талаб мекунанд ва чунин тасвирҳоро то 600- 700 сомонӣ ба фурӯш мегузорад.

Ҳоло ӯ барои худ устохонаи алоҳида иҷора гирифта, мехоҳад корҳои бузургу ҷиддитарро анҷом диҳад.

Фурқати Низом

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад