ЛАЙФХАКИ"Tiko" электромобил шуд. Харҷаш дар 100 км аз 60...

«Tiko» электромобил шуд. Харҷаш дар 100 км аз 60 ба 4 сомонӣ расид

-

Илҳом Дониёров  «Tiko»-и хешро ба электромобил табдил дода, харҷи мошинро дар 100 км аз 60 сомонӣ ба 4 сомонӣ расонид. Ӯ барои табдили нақлиёти хеш ба электромобил 25 ҳазор сомонӣ харҷ намудааст.

Илҳом дар корҳои хоҷагӣ аз мошин зиёд истифода мекунад. Баланд шудани нархи сӯзишворӣ ӯро водор намуд, ки мошини худро барқӣ намояд. Моҳи январи соли равон мошини тамғаи “Тико”-яшро, ки 10 ҳазор арзиш дорад, акмулятор насб намуда ба электромобил табдил дод.

Насби акмулятори барқӣ 1 моҳ тӯл кашид. Илҳом қисмҳои эҳтиётие, ки барои мошини бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда лозим буд, ҳамаро берун карда, аз вазни мошинаш ҳудуди 250 кг кам кард.

Барои пур кардани акумлятор бо нерӯи барқ 4 соат вақт лозим меояд ва баъд аз ин мошин метавонад 100 км роҳро тай намояд. «Tiko»-и Илҳом дигар фазоро ифлос намекунад ва бидуни садо ҳаракат мекунад.

Илҳом сокини шаҳри Турсунзода мебошад. Ҳоло ба корҳои кишоварзӣ машғул буда, дар хоҷагии деҳқонии “Муродҷон ота” ба парвариши дарахти чормағз машғул аст.

Илҳом қаблан устои таҷҳизоти маишӣ буд:

“То соли 2018 ман ба таъмири кондитсионер, яхдон ва ашёҳои дигари маишӣ машғул будам. Аз замони таъсиси хоҷагии деҳқонии “Муродҷон ота” ба боғдорӣ пардохтам.”,-нақл намуд Илҳом Дониёров.

Илҳом дар мошинҳои  боркаш низ акмулятор  насб карданист то  боркашониро дар хоҷагӣ камхарҷу осон намояд.

Маҳкамзода Маҳкам

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
54
+1
15
+1
0
+1
0
+1
1
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад