МУВАФФАҚИЯТМасрур чӣ гуна дар Русия ширинипази моҳир шуд?

Масрур чӣ гуна дар Русия ширинипази моҳир шуд?

-

 

Маҳсули дасти Масрур. Акс аз саҳифаи instagram

Масрури 18-сола аллакай дар  тарабхонаи “Jonny cake”-и шаҳри Уфа ширинипаз аст…

Масрур Алибахшев аз кӯдакӣ вақти зиёдашро бо модараш дар ошхона мегузаронид ва оҳиста-оҳиста аз наворҳои Youtube ва Instagram ҳунари пӯхтупазро омӯхт.

Ӯ ҳоло низ худомӯзӣ ва дар баъзе корҳояш навоварӣ мекунад то кулчақандҳояш дар шакл ва тамъ тафовут дошта бошанд. Масрур ба зоҳири шириниҳояш бисёр таваҷҷуҳ менамояд ва аксари пайгиронаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бинобар ғайриоддӣ будани маҳсули дасташ ба саҳифаи ӯ обуна шудаанд.

Масрур инчунин блогерӣ мекунад ва дар олами маҷозӣ ин нафаронро фуд-блогер мегӯянд. “Вакте фуд-блогериро оғоз кардам, бисёр буданд нафароне, ки дар шарҳи наворҳо суханони қабеҳ менавиштанд, вале бо гузашти вақт ҳамааш хуб шуд ва ҳоло мардум бо ман ҳамчун мутахассиси кори худ муносибат мекунанд.”

Ширинипази ҷавон фармоишҳояшро тариқи Instagram қабул мекунад ва бо ин роҳ, яъне, кори асосиаш зиндагиро пеш мебарад.

Ҳоло Масрур шогирдони зиёд дорад ва ба онҳо ширинипазиро меомӯзонад. “Дар аввал ба 2 гурӯҳи иборат аз 10 нафар дарс мегузаштам. Намеҳаросидам, баръакс, аз омӯхтани дониши худ ба дигарон лаззат мебурдам. Шогирдонам асосан ҳамкурсону шиносҳоям ҳастанд, ки ҳамагӣ духтаронанд”.

Пухтупазро аксарият кори занона мегӯянд, вале Масрур ба ин андеша розӣ нест ва ба ин бовар аст, ки дилхоҳ нафар метавонад ба ин кор машғул шавад ва корашро хуб иҷро намояд.

Аҳли оила дар аввал ба ширинипаз шудани Масрур зид буданд. Бинобар ин, ӯ ниҳонӣ ба ин кор машғул мешуд, Дар ниҳоят ба ин хулоса расиданд, ки вай кори дӯстдоштаашро анҷом медиҳад, дигар муқобилият накарданд.

Ҳ. Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад