ОЛАМИ МАҶОЗӢБаҳси лафзии Владимир Соловёв ва блогер Виктория Боня идома...

Баҳси лафзии Владимир Соловёв ва блогер Виктория Боня идома дорад

-

Муноқишаи лафзӣ миёни Владимир Соловёв ва блогер Виктория Боня дар марҳилаи нав қарор гирифтааст. Ровии телевизион аз узрхоҳӣ барои суханони тунди худ дар эфир худдорӣ кард ва изҳор дошт, ки гуфтаҳояш «таҳқир нестанд», балки «тавсифи шахсият» мебошанд.
Соловёв дар барномаи телевизионии худ нисбат ба Боня ибораҳои дағалу таҳқиркунанда истифода карда, фаъолияти ӯ, манбаъҳои даромаду зиндагияш дар хориҷро зери шубҳа гузошт. Ҳамчунин пешниҳод кард, ки ӯ «иноагент» эътироф шавад.
Дар посух, Виктория Боня изҳор дошт, ки омода аст ба суд муроҷиат кунад ва гуфтаҳои Соловёвро «нанг» номид. Бо вуҷуди ин, ӯ ба иштирок дар як барномаи мустақим розӣ шудааст ва умед дорад, ки Соловёв узр мепурсад.
Соловёв иддао дорад, ки суханони ӯ дашному таҳқир нестанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки матни муроҷиати Боняро бо истифода аз «нейросетҳои хориҷӣ» таҳлил кардааст ва ба хулосае расидааст, ки он эҳтимол аз ҷониби худи ӯ навишта нашудааст.
Ровӣ Ксения Собчак аз Боня ҳимоят кард ва ба раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин муроҷиат намуда, талаб кард, ки ба суханони Соловёв баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
Ӯ таъкид кардааст, ки муайян кардани марз байни «фикр» ва «таҳқир» дар фазои ҷамъиятӣ муҳим аст.
Ҳамзамон, Собчак қайд намудааст, ки худи ӯ солҳои зиёд ҳадафи таҳқирҳои Соловёв қарор доштааст ва чунин рафторро ғайриқобили қабул мешуморад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс идома дорад, бархе аз Соловёв пуштибонӣ мекунанд ва онро озодии сухан мешуморанд, гуруҳи дигар ӯро барои лаҳни дағал ва муносибати таҳқиромез танқид мекунанд.
Соловёв изҳор доштааст, ки мавқеи худро тағйир намедиҳад ва узр намепурсад. Муноқиша идома дорад ва эҳтимол дорад ба баҳси ҳуқуқӣ табдил ёбад.
Виктория Боня пас аз нашри як видеои 20-дақиқаӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ин блогер пас аз нашри як муроҷиати видеоӣ ба Владимир Путин ба яке аз мавзуъҳои асосии баҳс дар фазои иттилоотӣ табдил ёфт.
Боня дар видеои худ гуфт, ки шаҳрвандони Русия ва мансабдорон мушкилоти воқеиро аз ӯ Путин пинҳон мекунанд.
Вай ҳамчунин як қатор мушкилотро номбар карда буд:
— обхезӣ дар Доғистон
— рехтани мазут дар Анапа
— нобуд кардани чорво дар вилояти Новосибирск
— маҳдудиятҳои интернет
— мушкилоти иқтисодӣ
Ба гуфтаи ӯ, миёни президент ва мардум «девор» вуҷуд дорад.
Дар як ҳафта ин видео қариб 30 миллион тамошо ва зиёда аз 120 ҳазор бор бошнашр шуд. Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфт, ки масъалаҳои бардошташуда «бе таваҷҷуҳ намондаанд» ва дар ин самт «кори бузург» ҷараён дорад.
Боня баъдан бо рехтани ашк аз ин вокуниш ташаккур гуфт ва таъкид кард, ки ин кор «арзиш дошт».
Пас аз нашри видео, расонаҳо ва блогерҳо ба Боня ҳамла карданд:
Юрий Подоляка онро «як қисми нақшаи бузург» номид. Виталий Милонов Боняро «блогери камсавод» гуфт.
Ёдовар мешавем, ки Боня пас аз иштирок дар шоу-барномаи Дом-2 (солҳои 2006–2007) маъруф шуд. Баъдан ӯ дар лоиҳаҳои гуногуни фароғатӣ иштирок карда, блоги шахсии худро дар Instagram рушд дод.
Ҳоло беш аз 13 миллион нафар дар Instagram ӯро пайгирӣ мекунанд.
Калаж аз манбаъҳои боз
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....
spot_imgspot_img

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад